Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

1776
(Таҷдидшуда 17:51 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

1776
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

38
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

38
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон
(24:59 / 206.66Mb / )

Лавров нишасти СААД - ро натиҷагирӣ кард - навор

38
(Таҷдидшуда 15:02 02.12.2020)
Рӯзи 1 декабр вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нишасти матбуотӣ баргузор карда, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) - ро натиҷагирӣ кард

Қаблан Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СААД як қатор лоиҳаҳо ва санадҳои марбут ба таъмини нерӯҳои дастаҷамъии созмон, фаъолияти сулҳҷӯёна ва омӯзиши кадрҳоро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Суханронии Владимир Путин дар нишасти СААД - пахши мустақим

Ҳамин тариқ, СААД қарор кард, ки ҳуҷҷатҳои нақшаи ҷойгиркунии фаврии нерӯҳои вокуниши сареъро бо назардошти вазъи кунунӣ таҷдид назар кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

38
Барчаспҳо:
натиҷагирӣ, нишаст, Сергей Лавров, Русия