Путин дар бораи 20 сол: "имрӯз кишварамон тамоман дигар аст"-навор

Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт чигуна вазъи зиндагии мардум тайи 20 соли гузашта дар кишвар тағйир ёфт

Сифати зиндагии русиягиҳо дар соли 2000 ва 2020 комилан фарқкунанда аст, гуфт Путин дар XII анҷумани сармоягузории "Россия зовет!".

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин: маҳдудияти сартосарӣ дар Русия намешавад

"Феълан сатҳи рушди иқтисодиёт тамоман дигар аст. Устуворӣ дар иқтисодиёт ба таври ҷиддӣ аз оне, ки дар соли 2000-ум буд фарқ мекунад”, - таъкид кард роҳбари Русия.

Ӯ зикр намуд, ки дар оғози солҳои 2000-ум таваррум дар Русия ба ададҳои дурақама ва баъзан то сад фоиз дар як сол мерасид.

"Ҳозир ҳудуди 4 фоиз устувор нигоҳ дошта мешавад. Захоири тиллою асъор 12 миллиард доллар буд, дар ҳоле, ки қарзи хориҷӣ 136 миллиард ҳисоб мешуд. Бекорӣ дар сатҳи баланд буд. Имрӯз кишвар тамоман дигар аст”, - бовар дорад Путин.

Ӯ тавзеҳ дод, ки феълан захоири тиллою асъор ба 585 миллиард доллар расид, дар ҳоле, ки маҷмӯи уҳдадориҳои қарзӣ ду баробар камтар аст ва қарзи давлатӣ ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил медиҳад.

“Сатҳи даромади мардум низ тамоман дигар аст. Бале афроди зиёде ҳанӯз камбизоатанд. Тибқи иттилои охир ҳудуди 20 миллионанд, аммо соли 2000-ум ин нишондод беш аз 42 миллион буд. Ду баробар коҳиш ёфт. Солҳои наздик ман бовар дорам, ки мо боз ду баробари дигар кам мекунем”, - хулоса кард Путин.

Лентаи хабарҳо
0