Инфиҷор дар Вена: навори бозҷӯии ҷангҷӯён - видео

199
(Таҷдидшуда 13:37 03.11.2020)
Дар маркази Вена якбора чанд инфиҷор рух дод. Феълан полиси Австрия амалиёти густурдаи бозҷӯии террористонро роҳандозӣ кардааст

Дар наздикии каниса шабона марде ба ҷониби сокинон оташ кушод ва сипас худро тарконид.

Дар як вақт бо ин ҳодиса, дар дигар ноҳияҳои Вена чанд ҳамлаи дигар анҷом дода шуд. Аз ҷумла террористҳо ба ресторан ва маркази яҳудиён дарафтоданд.

Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлаовар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.

Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан дар хонаҳояшрн монанд.

Феълан, дар бораи 7 қурбони ҳодиса ва даҳҳо ҷабрдида хабар дода мешавад.

 

199

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

57
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

57
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон
(24:59 / 206.66Mb / )

Лавров нишасти СААД - ро натиҷагирӣ кард - навор

38
(Таҷдидшуда 15:02 02.12.2020)
Рӯзи 1 декабр вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нишасти матбуотӣ баргузор карда, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) - ро натиҷагирӣ кард

Қаблан Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СААД як қатор лоиҳаҳо ва санадҳои марбут ба таъмини нерӯҳои дастаҷамъии созмон, фаъолияти сулҳҷӯёна ва омӯзиши кадрҳоро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Суханронии Владимир Путин дар нишасти СААД - пахши мустақим

Ҳамин тариқ, СААД қарор кард, ки ҳуҷҷатҳои нақшаи ҷойгиркунии фаврии нерӯҳои вокуниши сареъро бо назардошти вазъи кунунӣ таҷдид назар кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

38
Барчаспҳо:
натиҷагирӣ, нишаст, Сергей Лавров, Русия
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

0
(Таҷдидшуда 19:48 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаасифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон