Шаби хунин дар Вена: ҷангҷӯй дар назди ибодатхона оташ кушод - видео

238
(Таҷдидшуда 13:44 03.11.2020)
Шаби Вена ором набуд. Дар маркази шаҳр якбора чанд инфиҷор рух дод. Пулиси Австрия амалиёти густурдаи бозҷӯии террористонро роҳандозӣ кардааст

Марде дар маркази шаҳри Вена дар назди ибодатгоҳ ба сӯи мардум оташ кушод ва худро тарконд.

Дар як вақт бо ин ҳодиса, дар дигар ноҳияҳои Вена чанд амалиёти ҳамла анҷом дода шуд. Аз ҷумла террористҳо ба ресторан ва маркази яҳудиён дарафтоданд.

Бино бар иттилои расмӣ, чанд ҳамлавар муштариёни як қаҳвахонаро асир гирифтанд.

Мақомоти Австрия ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки манзилҳояшонро тарк накунанд.

Феълан, дар бораи 7 қурбони ҳодиса ва даҳҳо ҷабрдида хабар дода мешавад.

238
Барчаспҳо:
террорист, ҳамлаи хунин, Русия

Автомобил ба ҷои дастаи сарбозон: "Терминаторҳо" ба майдони ҷанг баромаданд - навор

185
(Таҷдидшуда 20:59 03.12.2020)
Вазорати мудофиаи Русия навори озмоиши мошинҳои ҷангии уникалии "Терминатор"-ро, ки метавонад ду автомобили ҷангии пиёданизом ва як дастаи туфанги моториро иваз кунад, нашр кард

Танкронҳои Округи марказии ҳарбӣ ба омӯзиши мошинҳои ҳарбии уникалии "Терминатор" оғоз карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Автомобилҳо дорои хусусияти баланди тезҳаракатӣ буда, бо таҷҳизоти муосири контроли оташ таъмин гаштаанд.

Мошинҳои "Терминатор" метавонанд танк ва худравҳои ҷангии пиёданизом, ҳавопаймо ва чархболҳоро маҳбут кунанд.

Чунин як худрав метавонад ду автомобили ҷангии пиёданизом ва як дастаи туфанги моториро иваз кунад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки озмоиши бомуваффақияти "Терминаторҳо" имконият медиҳад, ки онҳоро ба ҷангафзор шомил карда, қатъан қудрати ҷангии нерӯҳои танкҳои Русияро тақвият бахшанд.

Силоҳи Русия: натиҷаҳои аввалияи соли 2020

Пештар фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин дар бораи расидани ҳашт махзани пуштибонии ҷаганда барои озмоиш дар дивизияи танкӣ, ки дар вилояти Челябинск қарор дорад, гуфта буд.

Қайд карда мешавад, ки истифодаи "Терминаторҳо" мӯҳлати хидмати танкҳоро бештар мекунад ва имконияти онҳоро фарохтар мегардонад.

 

185
Барчаспҳо:
навор, автомобил

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

94
(Таҷдидшуда 19:53 03.12.2020)
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

94
Барчаспҳо:
навор, нигаронӣ, Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ бо як қарор фонди қарзии хурди “Файзи Сурхоб”-ро барҳам дод

0
(Таҷдидшуда 01:43 04.12.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди  “Файзи Сурхоб” хабар дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ таҳти №156 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ФҚХ “Файзи Сурхоб” бозхонд карда шуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи аз 01 декабри соли равон қабул шудааст.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ёдовар мешавем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо як қарор иҷозатномаи ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”-ро бозхонд кард.

0