"Виктор Черномирдин": боздиди Путин аз киштии яхшикани нав-видео

292
(Таҷдидшуда 18:30 04.11.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар маросими барафрохтани парчами давлатӣ дар киштии ҷадиди яхшикан дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок кард

Киштии ҷадиди яхшикан, ки маросими бардоштани парчами давлатии Русия дар он бо иштироки Путин баргузор шуд, номи “Виктор Черномирдин”-ро гирифт.

"Виктор Черномирдин" – калонтарин ва тавонотарин киштии яхшикани ғайриҳастаӣ дар ҷаҳон мебошад.

Киштии ғунҷоишаш 22,3 ҳазор тонна метавонад бо суръати то 17 узел дар баҳр ҳаракат кунад. Дар яхҳои ғафсияшон то семетрӣ метавонад бо суръати ду узел ба самти пеш ва қафо ҳаракат намояд.

Яхшикан барои ҳамроҳӣ ва кашидани киштиҳо пешбинӣ шудааст. Метавонад дар сафари экспедитсияҳои илмӣ ва таъминоти онҳо дар Арктика ва Антарктида истифода шавад.

Киштии мазкур дар корхонаи Балтийск бо фармоиши “Росморпорт” сохта шудааст.

Санадгузории супориш ва қабули киштӣ ҳанӯз охири моҳи сентябр имзо шуда буд. Озмоишҳои яхӣ баъдтар дар шароити махсус, моҳҳои апрел – май гузаронда хоҳанд шуд.

292
Барчаспҳо:
Русия

Муҳорибаи Тайсону Джонсон: беҳтарин лаҳзаҳои рақобат дар навори кӯтоҳ

164
(Таҷдидшуда 21:03 29.11.2020)
Дар Лос-Анҷелеси Амрико муҳорибаи бокси ду қаҳрамони ҷаҳон баргузор шуд. Майк Тайсони 54-сола ба Рой Ҷонси 51-сола рақобат кард. Аммо доварон ғалабаро ба касе надоданд

Муҳорибаи дар “Маркази Стэйплс”-и Лос-Анҷелис баргузор шуд. Бино бар пандемия дар толор нафароне зиёде ҷамъ наомада буданд.

Муҳориба миёни ду боксёри машҳури дунё намоишӣ буд, аммо рақибон 8 раунд бокс карданд.

Пас аз 8 раунди рақобат, доварон ғалабаро ба касе надоданд. Муҳориба дӯстона анҷом ёфт.

Ёдрас мешавем, ҳарду муштзан беш аз 50 муҳорибаҳоро пушти сар карданд ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Рой Джонси 51-сола дар 75 муҳориба 66 пирӯзӣ ба даст оварду дар 9 муҳориба мағлуб шуд.  Майк Тайсон 58 муҳориба анҷом доду дар 50 муҳориба пирӯз шуд.

164
Барчаспҳо:
рақобат, бокс, Майк Тайсон, Амрико

Бо рӯймол ва куртаи дароз: Нозияи Кароматулло намоҳанги тоза нашр кард - Навор

1521
(Таҷдидшуда 17:12 29.11.2020)
Нозияи Кароматулло, ҳунарманди номии тоҷик хабар дод, ки намоҳанги тозаашро ба номи "Ҷони ман" нашр кардааст

Таронаи ва намоҳанги нави "Ҷони ман" шоми 28 ноябр дар пойгоҳи T Music Awards нашр гардид.

Ҳунраманд пештар худаш хабар дода буд, ки таронаи наверо баҳри мухлисонаш омода кардааст.

Аз тарона, ки аз нашри он ҳамагӣ як рӯз ҳам нагузаштааст, бештар аз 19 ҳазор маротиба боздид кардаанд.

Зери он қариб ҳазор нафар тугмаи "класс"-ро пахш кардаанд.

Шеъри тарона ба Эҳсон Аъзамиён ва оҳанги он ба Умаров таалуқ дорад.

Дар ҳавои тарона гурӯҳи "NTW ERA" мерақсанд.

Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар хумори падар ҳастанд: 58 - умин солрӯзи Кароматуллои Қурбон

Қисме аз намоҳангро дар "Қасри теннис" ба навор гирифтаанд. Тавре дида мешавад, зоҳиран Нозия "имеҷ"-ашро нав накардааст: куртаи дароз ба бар кардааст ва ҷое сарашро бо кулоҳ ва ҷое бо рӯймол қисман пӯшонидааст.

Нозия, ки аз аввал бо тарз либоспӯшии хос ба худаш фарқ мекард, дар чандин ҳунарнамоиҳои ахираш бо пироҳанҳои дароз, гоҳо бо дӯхти ҳиндӣ намоён мешавад.

1521
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

0
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

0