Дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон читавр метавон корҳои иттилоотиро анҷом дод: - навор

169
(Таҷдидшуда 20:06 05.11.2020)
Пойгоҳи ҳаобии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамринҳои низомиро дар робита ба мубориза бар зидди дастаҳои шибҳинизоми таҷруба мекунанд

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон гуруҳи иттилоотии пойгоҳи низомии 201-уми Русия тамринҳои низомиро дар робита ба нобуд караднаи дастаҳои террористӣ анҷом доданд.

Низомиён бори аввал аст, ки тарзи нави нобудсозии терррористонро дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карданд.

Дар аввал низомиён минтақаро пурра зери назорат гирифтанд, сипас баъд аз пайдо кардани террористон онҳоро аз чархболҳо нобуд сохтанд.

Дар тамринҳои ахир на танҳо нишонҳои хобида балки нишони ҳаракатдошта  низ нобуд карда шуд.

Ҳамчунин низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон пиёда шудани низомиён бидуни чатр аз чархболҳоро тамрин караднд.

169
Барчаспҳо:
тамрин, низомиён, пойгоҳи 201, Тоҷикистон

Ин “Пирӯзӣ” аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд видео

25
(Таҷдидшуда 13:26 05.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 “Триумф” ё “Пирӯзӣ” ба навор гирифта шудааст

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

“Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии “Кабан” дар баландии 15 киломтр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии “Триумф” дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.

25
Барчаспҳо:
ҳадаф, нишон, санҷиш, С-400 "Триумф", Русия

Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

1257
(Таҷдидшуда 02:12 05.12.2020)
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" бунёд гардидааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд. Ва дигар корҳо ҳама аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шудааст.

"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Як фикри дигар ҳаст, ки дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд ва мо низ як хонаи помирӣ бисозем, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаем.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, баъд меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад буд ва аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад", - хулоса кард Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ик барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо, мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

1257
Барчаспҳо:
бунёд, Хонаи Помирӣ, Маскав, ихтиёрӣ
Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

Дастури Президент: Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

0
(Таҷдидшуда 14:11 05.12.2020)
Рудобаи Мукаррам дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Рудобаи Мукаррам, ки то имрӯз вазифаи муовини раисро дар ин кумитаи иҷро мекард, имрӯз дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ёдрас мешавем, дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо чанд фармону амр тағйироти кадрии куллие анҷом дод. Ҳамин тавр дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон 36 тағйироти кадрӣ анҷом ёфт.
Аз ҷумла Фаррух Ҳамрализода аз мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод ва ба ҷои Фарҳод Салим – писари Абдулмаҷид Достиев – сафири нави Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд. Ба ҷои Ҳамрализода ба мақоми раиси Кумитаи сармоягузорӣ Саъдӣ Қодирзода, ки то имрӯз муовини раиси дастгоҳи президент буд, таъйин шудааст.

 

0