Азимҷӯсса дар ҳаво: Парвози Ту-95МС болои баҳри Ҷопон-навор

368
(Таҷдидшуда 15:08 08.11.2020)
Ҳавопаймоҳои Вазорати мудофиаи Русия парвозҳои нақшавӣ болои минтақаҳои обиро анҷом доданд. Парвозҳои мушоҳидавӣ ҳудуди ҳашт соат давом карданд

Ду ҳавопаймои мушакбари стратегии Ту-95МС, ки ба гурӯҳи дурпарвозҳои нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия шомил мебошанд, парвозҳои нақшавии ҳаштсоатиро анҷом доданд.

Парвози тӯлонӣ болои обҳои нейтрали Баҳри Ҷопон ва қисмати шимолу ғарби Уқёнуси Ором сурат гирифт.

Дар бархе аз марҳилаҳои парвоз ҳавопаймоҳои дурпарвозро ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-35С ҳамроҳӣ карданд.

Суҳбати сардори Хадамоти ҷосусӣ: аз оғози COVID-19 то Белорус, ҷанги Қарабоғ ва Навалний

Халабонҳои ҳавопаймоҳои дурпарвоз мунтазам болои обҳои Арктика, Атлантикаи Шимолӣ, баҳрҳои Сиёҳу Балтик ва Уқёнуси Ором парвоз мекунанд.

Вазорати мудофиаи Русия таъкид кардааст, ки ҳамаи парвозҳоро нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешаванд.

368
Барчаспҳо:
баҳр, парвоз, Русия

Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

1167
(Таҷдидшуда 02:12 05.12.2020)
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" бунёд гардидааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд. Ва дигар корҳо ҳама аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шудааст.

"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Як фикри дигар ҳаст, ки дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд ва мо низ як хонаи помирӣ бисозем, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаем.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, баъд меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад буд ва аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад", - хулоса кард Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ик барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо, мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

1167
Барчаспҳо:
бунёд, Хонаи Помирӣ, Маскав, ихтиёрӣ

"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

96
(Таҷдидшуда 17:05 04.12.2020)
Татяна Жранок дар робита ба боздошт ва бозпурсии рӯзноманигорон дар Латвия мегӯяд, ки таъқиби рӯзноманигорон нақзи дағалонаи озодии сухан аст

Иттиҳоди Русҳои Латвия (RSL) ба хабари боздошти ҳафт нафар бо иттиҳоми вайрон кардани режими таҳримоти Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон дод ва дар назди муҷассамаи Озодӣ дар Рига таҳти шиори "Шумо ҳамаро зиндонӣ нахоҳед кард" пикет баргузор кард.

Сухан дар бораи кофтуков ва боздошти рӯзноманигорони русзабон меравад, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik ҳамкорӣ мекунанд. Кофтукоб ва боздоши рӯзноманигоронро  Ҳадамоти амнияти давлатӣ рӯзи 3 декабр анҷом дод.

Қисмеро мешиносам: вазири маориф дар бораи устодони боздоштшуда ба иттиҳоми "ихвоният"

Чанде пеш, Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, қаблан Sputnik хабар дод, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ аз онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк намекунанд.

Ба 7 рӯзноманигори русзабон ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабс таҳдид мекунад.

96
Вакцина

Нахустин ваксинаи эронӣ бар зидди вируси корона муҷаввизи озмоиши инсонӣ гирифт

0
(Таҷдидшуда 12:20 05.12.2020)
Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз эътои коди ахлоқ дар пажӯҳиш ба аввалин ваксинаи эронии корона ва вурӯди ин ваксина ба марҳалаи озмоиши инсонӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур,  ахиран дар саҳифаи “Твиттир” -и худ навиштааст, ки ваксинаи ғайрифаъоли ширкати "Шифо Формад" ба унвони аввалин ваксинаи эронии Ковид-19 бо дарёфт коди ахлоқ, вориди марҳалаи мутолиаи болинӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, пажӯҳишгари аслии ин тарҳ доктор Минӯ Муҳраз, устоди донишгоҳ ва узви Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аст.

Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран эълом карда буд, ба зудди Эрон ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар сохти ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд.

Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон, 16 ноябр дар нишасти баррасии пешрафти тавлиди ваксинаи корона дар Эрон аз пешрафтҳои илмӣ ва доруӣ дар Эрон ибрози хушҳоли карду гуфт, истифодаи муҳаққиқони Эрон аз ҳамаи равишҳо барои сохти ваксинаи корона, нишонаи он аст, ки эҷоди маҳдӯдиятҳои сиёсӣ таъсир дар масири пешрафти илмии Эрон надоштааст.

0
Барчаспҳо:
дармон, беҳдошт, вазорат, Эрон