Дар пайравии Ҳабиб: Тейшер рақибашро бо усули буғӣ кардан шикаст дод - видео

Обуна шудан
Дар интернет видеои муҳорибаи шадиди бразилиягиҳо Гловер Тейшер ва Тиаго Сантос дар доираи мусобиқаи UFC пайдо шуд

Шаби гузашта дар Лас Вегас мусобиқаи Қаҳрамонии UFC баргузор шуд. Вохӯрии асосии шом рақобати размикорони шинохтаи Бразилия Гловер Тейшер ва Тиаго Сантос буд.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Президенти UFC: 100% гуфта наметавонам, аммо ҳис мекунам, ки Ҳабиб бармегардад

Мубориза камтар аз се давр идома кард. Ғолибият дар ин дидор насиби Тейшер гашт. Ӯ бо усули буғӣ кардан рақибашро дар ҳолати ночор гузошт.

Сантос бошад ба ҷуз таслим шудан дигар чорае надошт.

Пирӯзӣ барои Гловер Тейшер ғалабаи 32-юмин дар баробари  ҳафт нокомияш буд. Сантос бошад дар корномаи варзишияш 21 муҳорибаи муваффақ ва 8 бохт дорад.

Буғӣ кардан яке аз усулҳои маъмул дар ин навъи варзиш аст, ки размикорон талош мекунанд бо истифода аз тамоми маҳорат аз он истифода кунанд.

Ёдовар мешавем Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз варзишкорони шинохтаи сайёра бештари рақобатҳояшро бо ҳамин усул бо пирӯзӣ хотима додааст.

Лентаи хабарҳо
0