Аз бод ҳам тезтар: дар Ӯзбекистон қаҳрамонии картинг оғоз шуд - видео

105
Дар Ӯзбекистон дар шоҳроҳи Учқӯрғон маросими рангоранги ифтитоҳи чемпионати картинг баргузор шуд. Дар мусобиқаи картинг ҳудуди 150 варзишкор аз Тошканд, Қароқалпоқистон ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Клуби ноҳиявии варзишиву омӯзишии ташкилоти "Ватанпарвар"-и Учғӯрғон шоҳроҳи нав ва муосирро барои мусобиқаи картинг таҷдид кард, ки ба тамоми талаботу стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Масоҳати умумии он бештар аз ҳазор метр аст.

 

Афзун бар ин, дар ҳудуди картодром дар масоҳати қариб 2 ҳектар бино бо ҳуҷраҳояш барои мураббиён ва кормандони соҳаи тиб, хонаи либоскашӣ ва устохонаи таъмири картингҳо сохта шудааст. 

Дар навори мо метавонед шарҳи коршинос ва картингҳои тезраву варзишкорони чаққонро тамошо кунед.

105
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 3)

Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ мекунад: навори маросими хайрбод

294
Дар Буэнос - Айрос маросими видоъ бо ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадона, ки дар синни 60 - солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, баргузор мегардад

Ҷасади футболбози ҷаҳониро ба қасри президенти Аргентина интиқол доданд ва садҳо нафар ҳаводорони ҳунари Марадона дар интизори видоъ бо ӯ қарор доранд.

Гуфта мешавад, аз соати 6 - и субҳ ҳукумат барои тамоми хоҳишмандони видоъ бо Диего Марадона роҳро боз намуданд. Интизор меравад, ба маросими хайрбодӣ миллионҳо нафар ҳаводорони ситораи футбол ҳузур пайдо кунанд.

Зимнан, кишвардори Аргентина дар робита ба марги Диего Марадона дар сартосари кишвар мотами серӯза эълон кард.

Хабари марги Марадона бегоҳи рӯзи 25 - уми ноябр дар сархати расонаҳои хабарӣ пайдо шуд. Хабаргузории TN иттилоъ дод, ки Марадона чанде пеш ҷарроҳии фаврӣ паси сар карда буд.

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт дод. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30- юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

294
Барчаспҳо:
навор, маросими видоъ, Диего Марадона

“Дасти Худо” ва беҳтарин голи асри 20: ёде аз Марадона - навор

253
(Таҷдидшуда 14:47 26.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61- сола аз олам гузашт

Марадона бо тими миллии Аргентина дар соли 1986 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Намоиши Марадона дар он ҷоми ҷаҳонӣ яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои таърихи футболро рақам зад, ба хусус ду голе, ки ба тими миллии Англия ворид карда буд.

Марадона дар он мусобиқа як голро бо даст вориди дарвозаи ҳариф кард, ки бо “Дасти Худо” маъруф шуд. Голи дуввуми Марадона, ки пас аз иҳота кардани бисёре аз бозингарони Англия ба дарвоза расид, ба эътиқоди бисёре аз алоқамандони футбол зеботарин голи ҷоми ҷаҳонӣ аст. Ин гол беҳтарин голи асри 20 дониста шуд.

Марадона дар тимҳои мухталифе монанди “Барселона” ва “Наполи” бозӣ кардааст.

Муввафақтарин даврони варзишии ӯ дар бошгоҳи “Наполи” буд, ки ҳамроҳ бо ин тим қаҳрамони Итолиё ва Аврупо шуд. 

Диего Марадона пас аз анҷоми даврони бозӣ ба мураббигӣ рӯ овард, аммо натавонист дар ин роҳ муваффақ шавад. Охирин ҳузури Марадона ба унвони мураббӣ рӯи тими “Химнасия ва Эксгрима” аз Ла-Платаи Аргентина буд.

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Ҳамчунин ӯ соли 2008 ба муддати ду сол сармураббии тими милли Аргетина низ буд ва ин тимро ба як чаҳоруми ниҳоии ҷоми ҷаҳон дар соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ расонд.

253
Барчаспҳо:
даргузашт, Аргентина, Марадона
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

"Хуҷанд" созишнома бо Фузайловро тамдид намекунад: Лазаревичро баргардонданист

0
(Таҷдидшуда 20:41 26.11.2020)
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" созишнома бо сармураббии даста, Ҳаким Фузайловро тамдид нахоҳад кард ва ният дорад мураббии пешинро ҷалб намояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Муҳлати созишномаи бошгоҳи “Хуҷанд” бо Ҳаким Фузайлов охири соли равон анҷом меёбад. Раёсати бошгоҳ нияти тамдиди созишномаро надошта, мехоҳад сармураббии қаблиро ба даста биёрад.

Фузайлов моҳи июли соли равон дар мақоми сармураббии “Хуҷанд” Никол Лазаревич аз Сербияро иваз кард, ки баъди сафар ба Ватан ба далели пандемия натавонист ба Тоҷикистон баргардад.  Бошгоҳи “Хуҷанд” акнун мехоҳад, ки кор бо Лазаревичро идома диҳад.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

0