Боздошти ҷавони тоҷикистонӣ бо гумони қатли ду зан ва маҷруҳ кардани кӯдак-навор

355
(Таҷдидшуда 14:14 10.11.2020)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муттаҳам дар қатли ду зан ва маҷруҳ кардани духтарчаи ноболиғро боздошт намуданд

Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав, зодаи Осиёи Марказӣ, муҳоҷири меҳнатиро боздошт кардааст, ки дар қатли Виктория Борковская, дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов ва модараш айбдор мешавад.

Ҷабрдидаи дигари ин ҳамла духтари шашсолаи Борковская мебошад. Кӯдак феълан дар беморхона буда, вазъи саломатияш вазнини муътадил арзёбӣ мешавад.

Тибқи иттилои пешакӣ, муттаҳам 7 ноябр ин ду занро дар хонаашон дар Солнечногорск бо корд ба қатл расонда, баъди кофтукоби ашёи гаронбаҳо дар хона аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Бар асоси фарзияи пешакӣ, муноқиша дар заминаи қарз барои кори анҷомдода рух додааст. Қаблан муттаҳам дар хонаи кушташудаҳо ба ҳайси коргари кироя кор мекардааст.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дошта, Кумитаи тафтишотӣ ба ҷамъоварии далелҳо машғул мебошад.

355
Барчаспҳо:
куштор, боздошт, Русия

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

60
(Таҷдидшуда 18:45 01.12.2020)
Амрико аз рӯзи имзои созишнома бо ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон беш аз 10 пойгоҳҳои низомии худро бастанд

Дар ин бора нашрияи The Washington Post дар истинод ба мақомдорони амрикоиву афғоне, ки номашон зикр нашудааст, хабар доданд. Амрико ва “Толибон” моҳи феврали соли 2020 созишномаи таърихиеро ба имзо расониданд.

Тибқи яке аз бандҳои ин созишнома нирӯҳои Амрико бояд дар давоми 14 моҳ Афғонистонро пурра тарк кунанд. Қаблан раисҷумшҳури Амрико Доналд Трамп хабар дода буд, ки Амрико теъдоди пойгоҳҳои низомиашро дар Афғонистон ба маротиб коҳиш хоҳад дод.

Тибқи иттилои мақомдорони расмӣ то миёнаи моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз 5000 то 2500 ҳазор нафар расонида мешавад.  

Толибон дар ивази он, дар бахши амниятӣ ба Амрико ваъдаҳои хос дода, ба оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ розӣ шудаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар изҳороти гуфта буд, ки "пас аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, мумкин аст, Толибон ба ҳукумати Кобул пирӯз шаванд ва қудратро ба даст гиранд". Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 6-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон баён кард.

Ӯ дар идома гуфт, "дар ниҳоят, кишварҳо худ бояд ғами худро хӯранд. Мо наметавонем бист соли дигар дар он ҷо монем. Бист сол дар онҷо будем ва аз он кишвар ҳимоят кардем. Наметавонем 20 соли дигар дар онҷо бошем. Дар ниҳоят, онҳо бояд аз худ дифоъ кунанд. Мо бояд ба кори кишвари худ ҳам бирасем".

60
Барчаспҳо:
баста, пойгоҳҳои низомӣ, Толибон, Амрико, Афғонистон

"Террористҳо дар халтаи оташин": навор аз размоиши муштараки Тоҷикистону Русия

55
Вазорати мудофиаи Русия лаҳзаҳои ҷоллиб аз размоиши муштарак бо Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ҳадафи он нобудсозии террористони шартӣ мебошад

Вазорати мудофиаи Русия тирпарронии артиллерӣ дар размоиши муштаракро нашр намудааст, ки сӯи террористони шартӣ равона шудааст.

Тибқи барномаи размоиш, гуруҳи террористҳои мусаллаҳ дар ҳайати беш аз 1 ҳазор нафар марзро убур кардаанд.

Воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия бо оташкушоии шадид гуруҳҳои террористиро мавриди гулулаборон қарор доданд.

Бар асоси навор, оташкушоии низомҳои артиллерӣ ба ҳадде шадид буд, ки барои чанд лаҳза воҳидҳои низомӣ зери чанг монданд.

Барои нобудсозии террористон онҳоро ба истилоҳ ба “халтаи оташӣ” ворид карданд. Гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам аз замину ҳам аз ҳаво, аз ҷумла аз низомҳои "Град", "Ураган", дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ 2С3 "Акатсия" ва аз чархболҳо мавриди оташкушоӣ қарор гирифтанд.

Тозасозии маҳалли даргирӣ баъди анҷоми тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳои заминӣ бо истифода аз техникаи вазнин амалӣ карда шуд.

55
Барчаспҳо:
навор, Русия, Тоҷикистон
Кормандони тиб дар беморхона, акс аз бойгонӣ

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашудааст. Охирон ҳолати фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 18 ноябр сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагон ба коронавирус аз 30 апрел то 1 декабр ба 12 ҳазору 231 нафар расид.

Манбаъ таъкид кард, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 640 баробар гардид.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс

Зикр шудааст, ки ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 1 декабр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, тайи қариб ду ҳафтаи охир ягон ҳолати нави фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки 95,1%-и гирифторони коронавирус дар кишвар то ҳол аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон