Лукашенко нерӯгоҳи ҳастаиро ба истифода дод - навор

188
(Таҷдидшуда 16:23 10.11.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус нерӯгоҳи ҳастаиро фаъол кард, ки нахустин чунин нерӯгоҳ дар кишвар мебошад

Маросими бошукуҳи ифтитоҳи нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Белорус ахиран бо иштироки Александр Лукашенко баргузор шуд.

Инчунин дар маросим, котиби давлати иттиҳодӣ, Григорий Рапота, мудири  "Росатом" Алексей Лихачев  ва сафири Русия дар Белорус, Дмитрий Мезентсев иштирок доштанд.

Нахуст раисиҷумҳури Белорус аз чархбол ҳудуди нерӯгоҳи ҳастаиро тамошо карда, аз маркази идораи нерӯгоҳ боздид намуд. Зимни суханронӣ Лукашенко эълон кард, ки Белорус абарқудрати ҳастаӣ шуду аз орзуяш барои бунёди боз як нерӯгоҳи ҳастаии дигар суҳбат намуд.

Ӯ таъкид намуд, ки ифтитоҳи нерӯгоҳ қадами бузург ва марҳилаи ҷадид дар истиқлоли Белорус мебошад.

Нерӯгоҳи ҳастаии Белорус дар наздикии шаҳри Островетс дар вилояти Гродний ҷойгир мебошад, ки тибқи лоиҳаи русиягӣ сохта шудааст. Дар нерӯгоҳ ду реактори ВВЭР-1200 насли 3+ насб гардидаанд. Истифодаи саноатии нерӯгоҳ дар моҳҳои аввали соли 2021 оғоз хоҳад шуд.

188
Барчаспҳо:
Александр Лукашенко, ифтитоҳ, нерӯгоҳсозӣ, Белорус

Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

428
(Таҷдидшуда 20:19 04.12.2020)
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" бунёд гардидааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд. Ва дигар корҳо ҳама аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шудааст.

"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Як фикри дигар ҳаст, ки дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд ва мо низ як хонаи помирӣ бисозем, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаем.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, баъд меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад будан ва аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад", - хулоса кард Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ик барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

428
Барчаспҳо:
бунёд, Хонаи Помирӣ, Маскав, ихтиёрӣ

"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

72
(Таҷдидшуда 17:05 04.12.2020)
Татяна Жранок дар робита ба боздошт ва бозпурсии рӯзноманигорон дар Латвия мегӯяд, ки таъқиби рӯзноманигорон нақзи дағалонаи озодии сухан аст

Иттиҳоди Русҳои Латвия (RSL) ба хабари боздошти ҳафт нафар бо иттиҳоми вайрон кардани режими таҳримоти Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон дод ва дар назди муҷассамаи Озодӣ дар Рига таҳти шиори "Шумо ҳамаро зиндонӣ нахоҳед кард" пикет баргузор кард.

Сухан дар бораи кофтуков ва боздошти рӯзноманигорони русзабон меравад, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik ҳамкорӣ мекунанд. Кофтукоб ва боздоши рӯзноманигоронро  Ҳадамоти амнияти давлатӣ рӯзи 3 декабр анҷом дод.

Қисмеро мешиносам: вазири маориф дар бораи устодони боздоштшуда ба иттиҳоми "ихвоният"

Чанде пеш, Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, қаблан Sputnik хабар дод, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ аз онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк намекунанд.

Ба 7 рӯзноманигори русзабон ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабс таҳдид мекунад.

72

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 20:02 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон