Дурбинҳо чӣ гуна Душанберо назорат мекунанд - видео

419
Бо фаъол шудани дурбинҳои “Шаҳри бехатар” вайронкунии қоидаҳо дар роҳу хиёбонҳои пойтахт камтар шудааст

Дар интернет навори чӣ гуна кор кардани масъулини маркази идораи “Шаҳри бехатар” нашр шудааст. Маъмурини ВУД аз марказ ҳаракатро идора ва тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд.

Шабонарӯзӣ дар маркази идоравӣ масъулин қарор доранд, ки ба назорати тартибот машғул мебошанд.

Дурбинҳо на танҳо ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо балки бисёре аз қисматҳои шаҳр аз қабили гулгашту ҷойҳои ҷамъиятиро назорат менамоянд.

Масъулини Марказ ҳаракатҳои зиддиқонуниро сабт ва барои муҷозоти дастандаркорон мусоидат менамоянд.

Тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” инчунин ҳолатҳои ҷиноят сабт ва ҷинояткорон пайгирию боздошт карда мешаванд.

Лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо ҷалби сармоя ва мутахассисони чинӣ амалӣ карда шуда, ба гуфтаи сокинон баъди роҳандозии фаъолияти он бетартибиҳо дар роҳҳо ва кӯчаҳои пойтахт коҳиш ёфтанд.

419

Автомобил ба ҷои дастаи сарбозон: "Терминаторҳо" ба майдони ҷанг баромаданд - навор

198
(Таҷдидшуда 20:59 03.12.2020)
Вазорати мудофиаи Русия навори озмоиши мошинҳои ҷангии уникалии "Терминатор"-ро, ки метавонад ду автомобили ҷангии пиёданизом ва як дастаи туфанги моториро иваз кунад, нашр кард

Танкронҳои Округи марказии ҳарбӣ ба омӯзиши мошинҳои ҳарбии уникалии "Терминатор" оғоз карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Автомобилҳо дорои хусусияти баланди тезҳаракатӣ буда, бо таҷҳизоти муосири контроли оташ таъмин гаштаанд.

Мошинҳои "Терминатор" метавонанд танк ва худравҳои ҷангии пиёданизом, ҳавопаймо ва чархболҳоро маҳбут кунанд.

Чунин як худрав метавонад ду автомобили ҷангии пиёданизом ва як дастаи туфанги моториро иваз кунад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки озмоиши бомуваффақияти "Терминаторҳо" имконият медиҳад, ки онҳоро ба ҷангафзор шомил карда, қатъан қудрати ҷангии нерӯҳои танкҳои Русияро тақвият бахшанд.

Силоҳи Русия: натиҷаҳои аввалияи соли 2020

Пештар фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин дар бораи расидани ҳашт махзани пуштибонии ҷаганда барои озмоиш дар дивизияи танкӣ, ки дар вилояти Челябинск қарор дорад, гуфта буд.

Қайд карда мешавад, ки истифодаи "Терминаторҳо" мӯҳлати хидмати танкҳоро бештар мекунад ва имконияти онҳоро фарохтар мегардонад.

 

198
Барчаспҳо:
навор, автомобил

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

98
(Таҷдидшуда 19:53 03.12.2020)
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

98
Барчаспҳо:
навор, нигаронӣ, Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Русия гуфт ваксинааашро чандпулӣ мефурӯшад

0
(Таҷдидшуда 10:42 04.12.2020)
Арзиши ваксинаи коронавируси “Спутник V”- и Россия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ин бора зимни Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМР) зимни рӯнамоии ваксинаи нав дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ хабар дод.

Кирилл Дмитриев гуфтааст, ваксинаи сохти Россия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд ва қарор аст он ба тамоми кишварҳо бо як нарх настрас гардад.

Номбурда гуфт, ҳамзамони имкони истеҳсоли ин ваксина дар Миср ва Нигерия низ ҳаст.

Ба гуфтаи Фонди сармоягузории мустақими Россия, шурӯъ аз моҳи марти соли оянд Россия нақша дорад, ҳар моҳ 30 миллион вояи ваксинаи “Спутник V”-ро ба хориҷ содир намояд.

“Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Россия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем”,- афзудааст, Кирилл Дмитриев.

Гуфта мешавад, то кунун зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва  фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина дархост гирифтааст.

0