Тавзеҳи Тошев аз шикасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии АМА - навор

150
(Таҷдидшуда 18:30 13.11.2020)
Усмон Тошев, мураббии тими миллии Тоҷикистон бозии дастаашро бо тими милии Аморати муттаҳидаи Араб шарҳ дод

Мураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Усмон Тошев шикасти дастаашро дар бар бозии дӯстона бо АМА тавзеҳ дод.

“Нирӯи зиёде масраф кардем, аммо  афсус”, - гуфт мураббӣ.

Тошев таъкид кард, ки мо ду голе, ки дар 45 дақиқаи аввали бозӣ задем, дар машқҳо тамрин мекардем: бозигарон ин голҳоро дар ҳамлаи ҷавобӣ заданд.

“Мо зиёд мехостем пирӯз шавем. Бачаҳо офарин ду гол заданд, аммо натавонистанд аз бартарии худ истифода намоянд”, - таъкид дошт мурабии футбол.

Ба гуфтаи Тошев, сабаби асосии шикасти тими миллӣ: ин зиёд аз даст додани туп ба рақиб буд.

“Мо бояд дар ҳамин гуна шароит омодагӣ бинем ва бо ҳамингуна дастаҳо рақобат кунем”, - гуфт Тошев.

Тошев илова кард, ки футболбозони Тоҷикистон хуб тамрин мекунанду якдигарфаҳмии хуб доранд, аммо маҳораташон заиф аст.

150
Барчаспҳо:
мунтахаб, АМА, шикаст, Футбол, Тоҷикистон

"Террористҳо дар халтаи оташин": навор аз размоиши муштараки Тоҷикистону Русия

31
Вазорати мудофиаи Русия лаҳзаҳои ҷоллиб аз размоиши муштарак бо Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ҳадафи он нобудсозии террористони шартӣ мебошад

Вазорати мудофиаи Русия тирпарронии артиллерӣ дар размоиши муштаракро нашр намудааст, ки сӯи террористони шартӣ равона шудааст.

Тибқи барномаи размоиш, гуруҳи террористҳои мусаллаҳ дар ҳайати беш аз 1 ҳазор нафар марзро убур кардаанд.

Воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия бо оташкушоии шадид гуруҳҳои террористиро мавриди гулулаборон қарор доданд.

Бар асоси навор, оташкушоии низомҳои артиллерӣ ба ҳадде шадид буд, ки барои чанд лаҳза воҳидҳои низомӣ зери чанг монданд.

Барои нобудсозии террористон онҳоро ба истилоҳ ба “халтаи оташӣ” ворид карданд. Гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам аз замину ҳам аз ҳаво, аз ҷумла аз низомҳои "Град", "Ураган", дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ 2С3 "Акатсия" ва аз чархболҳо мавриди оташкушоӣ қарор гирифтанд.

Тозасозии маҳалли даргирӣ баъди анҷоми тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳои заминӣ бо истифода аз техникаи вазнин амалӣ карда шуд.

31
Барчаспҳо:
навор, Русия, Тоҷикистон

Ноябри барфии Душанбе - видео

57
(Таҷдидшуда 12:18 01.12.2020)
Барфрезӣ дар фасли тирамоҳ барои сокинони Тоҷикистон ва ба вижа Душанбе ғайриоддӣ ва бисёр форам аст

Имсол зимистони Тоҷикистон аз моҳи ноябр оғоз шуд.

Дар авохири моҳи ноябр пойтахти Тоҷикистон низ барфпӯш гардид. Дар ҷумҳурӣ беш аз се сантиметр барф борид.

Бар хилофи фикри омма, ки барфи аввал дарҳол об мешавад, ин ҷо барф чанд рӯз шохаҳои дарахтон, боми манзилҳо, муҷассамаҳо ва кӯчаҳои шаҳрро оро медод.

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳар бор бориши барфи сафед барои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ боиси шодию хурсандӣ мегардад.

Зимистони зебои Душанбе: зара - зара барф меборад - навор

Албатта сайёҳат бар боғҳои сафеди Душанбе ва нафас кашидани ҳавои тоза барои сокинони пойтахт як ҳаловат аст.

57
Барчаспҳо:
барф, ноябр, Душанбе
Турнир по смешанным единоборствам FFC GLOBAL SELECTION среди мигрантов в Москве

Размикори тоҷик ба Bellator MMA роҳ ёфт

0
(Таҷдидшуда 16:04 01.12.2020)
Хуршед Қаҳҳоров, размикори тоҷик, бо яке аз беҳтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA созишнома баст

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Қаҳҳоров, размикори зодаи Тоҷикистон, ки феълан Олмонро намояндагӣ мекунад, ба яке аз маъруфтарин промоушенҳои ҷаҳон - Bellator MMA роҳ ёфт.

Дар бораи имзои созишнома миёни Қаҳҳоров ва Bellator MMA пойгоҳи MMA Figthing хабар додааст.

Дар майдони муҳорибаҳои касбӣ, Қаҳҳоров 7 сабқат гузаронда, дар 6-тояшон пирӯз шудааст.

Ҳамаи пирӯзиҳояшро Қаҳҳоров ҳамчун намояндаи Олмон дар промоушенҳои аврупоӣ ба даст овардааст. Аз ҷумла моҳи ноябр дар сабқат Патрика Хробакаро шикаст дода, унвони European Fight Masters дар вазни сабукро ба даст овард.

Санаи нахустин майдондории Қаҳҳоров дар Bellator ҳанӯз маълум нест.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator бо чандин размикори шинохта созишнома баст. Аз ҷумла бо Усмон Нурмуҳаммадов, амакбачаи қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва собиқ размикори UFC Рустам Ҳобилов созишнома баст.

Маврид ба зикр аст, ки Bellator – созмони амрикоие мебошад, ки дар Санта-Монике мақар гирифта, мусобиқаи размҳои омехтаро баргузор мекунад. Аз ҷумла муҳорибаҳо барои камбарбанди қаҳрамонии ин созмонро ташкил мекунад.

0
Барчаспҳо:
варзишгар, мусобиқа, зӯрозмоии размикорон, размикор, ИМА, Тоҷикистон