Зимистон омад: Душанберо барфи аввал пӯшонд - видео

131
(Таҷдидшуда 14:11 15.11.2020)
Душанбе имсол пеш аз оғози фасли сармо парфпӯш шуд. Барфи аввал ҷодаҳои пойтахтро сафед кард, ки онро метавонед аз ин видео дид

Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон субҳи рӯзи шанбе борид. Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Ожонси ҳавшиносӣ хабар дод, ки ҳарорат дар кишвар то  8-10 дараҷа пешбинӣ шуда, борон ва барф сар мешавад.

Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия

Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар меғ мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.

IRS мегӯяд борону барф роҳи Душанбе - Чаноқро намебандад

Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш карда, гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшид. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф аллакай об шуд.

131

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

25
(Таҷдидшуда 14:54 03.12.2020)
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

25
Барчаспҳо:
навор, нигаронӣ, Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

585
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

585
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон
Сохтмони роҳ, акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони роҳи дорои 8 хати ҳаракат дар Душанбе бо пули Ҳинд

0
(Таҷдидшуда 16:01 03.12.2020)
Шаҳрдории Душанбе аз оғози сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут расман оғоз бахшида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад.

“Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 километр марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда, 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Зикр шудааст, ки иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут” яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.

0
Барчаспҳо:
роҳ, сохтмон, Тоҷикистон