Сулҳбонони рус роҳҳоро дар Қарабоғ барқарор мекунанд - навор

131
(Таҷдидшуда 12:53 17.11.2020)
Вазорати мудофиаи Русия навореро нишон дод, ки чигуна сулҳбонони рус дар Қарабоғи Кӯҳӣ роҳҳо ва зерсохторҳои иҷтимоиро барқарор мекунанд

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ бахши сулҳбонии Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба сокинони маҳаллӣ кумак мерасонанд, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи Русия.

Бино бар иттилои вазорат, низомиёни рус амнияти ҳаракат дар роҳҳоро дар минтақа барқарор мекунанд.

Аз ҷумла, сулҳбонон минаҳои сари роҳҳоро безарар мекунанд ва техникаҳои сӯхтаро мебардоранд.

Феълан, танҳо дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашуда - шаҳри Степанакерт тавонистанд пурра ҳаракати нақлиётро барқарор кунанд.

Афзун бар ин аҳолии шаҳр бо барқ ва об таъмин мешавад.

Сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ: кӣ барои чӣ меҷангид?

Ёдрас мешавем, сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст.

Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

131

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

150
(Таҷдидшуда 18:45 01.12.2020)
Амрико аз рӯзи имзои созишнома бо ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон беш аз 10 пойгоҳҳои низомии худро бастанд

Дар ин бора нашрияи The Washington Post дар истинод ба мақомдорони амрикоиву афғоне, ки номашон зикр нашудааст, хабар доданд. Амрико ва “Толибон” моҳи феврали соли 2020 созишномаи таърихиеро ба имзо расониданд.

Тибқи яке аз бандҳои ин созишнома нирӯҳои Амрико бояд дар давоми 14 моҳ Афғонистонро пурра тарк кунанд. Қаблан раисҷумшҳури Амрико Доналд Трамп хабар дода буд, ки Амрико теъдоди пойгоҳҳои низомиашро дар Афғонистон ба маротиб коҳиш хоҳад дод.

Тибқи иттилои мақомдорони расмӣ то миёнаи моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз 5000 то 2500 ҳазор нафар расонида мешавад.  

Толибон дар ивази он, дар бахши амниятӣ ба Амрико ваъдаҳои хос дода, ба оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ розӣ шудаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар изҳороти гуфта буд, ки "пас аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, мумкин аст, Толибон ба ҳукумати Кобул пирӯз шаванд ва қудратро ба даст гиранд". Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 6-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон баён кард.

Ӯ дар идома гуфт, "дар ниҳоят, кишварҳо худ бояд ғами худро хӯранд. Мо наметавонем бист соли дигар дар он ҷо монем. Бист сол дар онҷо будем ва аз он кишвар ҳимоят кардем. Наметавонем 20 соли дигар дар онҷо бошем. Дар ниҳоят, онҳо бояд аз худ дифоъ кунанд. Мо бояд ба кори кишвари худ ҳам бирасем".

150
Барчаспҳо:
баста, пойгоҳҳои низомӣ, Толибон, Амрико, Афғонистон

"Террористҳо дар халтаи оташин": навор аз размоиши муштараки Тоҷикистону Русия

72
Вазорати мудофиаи Русия лаҳзаҳои ҷоллиб аз размоиши муштарак бо Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ҳадафи он нобудсозии террористони шартӣ мебошад

Вазорати мудофиаи Русия тирпарронии артиллерӣ дар размоиши муштаракро нашр намудааст, ки сӯи террористони шартӣ равона шудааст.

Тибқи барномаи размоиш, гуруҳи террористҳои мусаллаҳ дар ҳайати беш аз 1 ҳазор нафар марзро убур кардаанд.

Воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия бо оташкушоии шадид гуруҳҳои террористиро мавриди гулулаборон қарор доданд.

Бар асоси навор, оташкушоии низомҳои артиллерӣ ба ҳадде шадид буд, ки барои чанд лаҳза воҳидҳои низомӣ зери чанг монданд.

Барои нобудсозии террористон онҳоро ба истилоҳ ба “халтаи оташӣ” ворид карданд. Гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам аз замину ҳам аз ҳаво, аз ҷумла аз низомҳои "Град", "Ураган", дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ 2С3 "Акатсия" ва аз чархболҳо мавриди оташкушоӣ қарор гирифтанд.

Тозасозии маҳалли даргирӣ баъди анҷоми тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳои заминӣ бо истифода аз техникаи вазнин амалӣ карда шуд.

72
Барчаспҳо:
навор, Русия, Тоҷикистон
День 2 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:32 01.12.2020)
Рӯзи дуюми декабр Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот, Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ ва дар Яман –Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 2 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1804 — Наполеон I Бонапарт худро подшоҳи Фаронса эълон кард.

Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века
© Sputnik / Александр Поляков
Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид.

День 1 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст овард.

 

Соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

Соли 1966 Барбадос истиқлолият ба даст овард.

Соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

День 29 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

Соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
  • Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ
  • Дар Яман –Рӯзи истиқлолият

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1894 года – гурғулисарои тоҷик Ҳикмат Ризо.

Соли 1933 года – ҳунарманди сирк, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

Рӯзи 2 декабр кӣ даргузашт

Соли 1940 — Николай Колтсов (соли таваллуд 1872), биолог, асосгузор ва директори Донишгоҳи биологияи озмоишӣ.

Соли 1969 — Климент Ворошилов (соли таваллуд 1881), корманди низомӣ, ходими давлатӣ, яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн