Нигина Амонқулова дар озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" иштирок кард - овози зинда

502
(Таҷдидшуда 12:58 17.11.2020)
Ҳунарманди номӣ бо иҷрои як тарона бо овози зинда дар озмуни "Тоҷикистон- Ватани азизи ман" ширкат кардааст

Овозхон дар ин озмун таронаи "Туро ёд мекунам"-ро иҷро намудааст. 

Дар наворе, ки пойгоҳи "Taj Smart" дар Ютуб нашр кардааст, дида мешавад, дар саҳна як гурӯҳ навозандагон мусиқӣ менавозанд ва Нигина Амонқулова таронаашро бо овози зинда иҷро мекунад.

Дар толор танҳо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб ҳузур дорад, ки зоҳиран ин ҳунарнамоиро доварӣ мекунад.

Ин наворро, ки ду рӯз пештар нашр шудааст, бештар аз 7 ҳазор бор тамошо кардаанд ва 156 кас писандидаанд.

Ёдрас мешавем, баргузории озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ҳанӯз моҳҳои аввали соли 2019 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда буд.

Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум - 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

502
Барчаспҳо:
Нигина Амонқулова, Ватан, озмун, Тоҷикистон
(24:59 / 206.66Mb / )

Лавров нишасти СААД - ро натиҷагирӣ кард - навор

21
(Таҷдидшуда 15:02 02.12.2020)
Рӯзи 1 декабр вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров нишасти матбуотӣ баргузор карда, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) - ро натиҷагирӣ кард

Қаблан Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СААД як қатор лоиҳаҳо ва санадҳои марбут ба таъмини нерӯҳои дастаҷамъии созмон, фаъолияти сулҳҷӯёна ва омӯзиши кадрҳоро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Суханронии Владимир Путин дар нишасти СААД - пахши мустақим

Ҳамин тариқ, СААД қарор кард, ки ҳуҷҷатҳои нақшаи ҷойгиркунии фаврии нерӯҳои вокуниши сареъро бо назардошти вазъи кунунӣ таҷдид назар кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

21
Барчаспҳо:
натиҷагирӣ, нишаст, Сергей Лавров, Русия
(48:33 / 783.71Mb / просмотров видео: 9)

Суханронии Владимир Путин дар нишасти СААД - пахши мустақим анҷом ёфт

155
(Таҷдидшуда 15:50 02.12.2020)
Президенти Русия, Владимир Путин дар нишасти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ мекунад

Тоҷикистонро дар ин нишаст президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ менамояд. Соли 2021 Тоҷикистон раисии СААД - ро бар дӯш мегирад.

Интизор меравад, ки дар навбати аввал Тоҷикистон масъалаи таҳкими амният дар минтақа ва вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории тамриноти муштараки низомиро, ки соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мекунанд.

Дар ин нишаст президенти Белорус Александр Лукашенко, кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ширкат мекунанд.

155
Барчаспҳо:
нишаст, сарони кишварҳои аъзои СААД, Владимир Путин, Русия
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:51 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон