Русия ба гурезагони Қарабоғи Кӯҳӣ кумак ирсол мекунад - навор

Обуна шудан
Ҳарбиёни Русия аллакай озими Қарабоғи Кӯҳӣ шуданд. Онҳо ҳинни расидан ба хоки ин манотиқ, даррав ба имдодрасонӣ ба гурезагон шурӯъ намуданд

Нерӯҳои сулҳ, ки Русия ирсол намуд, алан иҷрои оташбасро назорат мекунанд. Ҳамчунин онҳо бар ин мекӯшанд, ки объектҳои муҳими стратегӣ ва мулкӣ ҳифз карда шаванд.

Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши ВУХ Тоҷикистон ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Гузашта аз ин, нерӯҳои сулҳи Русия дар покиза намудани роҳҳо аз техникаи харобшуда, ва ҳамчунин безарар гардондани и долони Лачин, роҳе, ки Арманистон ва Қарабоғи Кӯҳиро мепайвандад, саҳм мегузоранд.

Маҳз бо ҳамин роҳ гурезагон таҳти ҳифозати посдорони сулҳи Русия ба шаҳр бармегарданд.

Қаблан кишвардори Русия Владимир Путин хабар дода буд, ки маркази байниидоравии вокуниши кумаки башардӯстона таъсис медиҳад, ки фаъолияти он маҳз ба баргардондани гурезагони Қарабоғи Кӯҳӣ равона мешавад.

"Теъдоди гурезагон бар тибқи маълумотҳо марзи даҳҳо ҳазор нафарро убур мекунад. Ҳамчунин объектҳои сершумори фарҳангиву стратегӣ хароб шуданд. Аз ин рӯ таъсис додани Маркази байниидоравии вокуниш ба кумакҳои башардӯстона ба ин манотиқ зарур ва саривақтӣ аст" - изҳор дошта буд Путин.

Дар вақти амалиёти ҷангӣ, бисёре аз сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ ба Арманистон кӯчиданд, аксарияти онҳо бе сақф монданд ва то ҳол баргашта наметавонанд. Ҳоло мардум минтақаҳоеро тарк мекунанд, ки тибқи созишномаҳо таҳти назорати Озарбойҷон буданд.

Русия як қисми вазифаҳоро оид ба ҳалли бӯҳрони башардӯстона ба дӯш гирифтааст. Ба зудӣ мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба сафи посдорони сулҳи Русия хоҳанд пайваст.

Лентаи хабарҳо
0