Зимистони зебои Душанбе: зара - зара барф меборад - навор

138
(Таҷдидшуда 19:25 20.11.2020)
Имсол зимистон ба фарқ аз солҳои пеш дар Тоҷикистон барвақттар расид. Аллакай ҳафтаи дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ гоҳ - гоҳ зара зара барф меборад

Дар Душанбе, ки ҳоло аксар боғу гулгаштҳо сабзу гулпӯшанд, бидуни интизорӣ барфпӯш шуданд.

Имсол дар Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш, зимистон барвақттар фаро расид. Чун моҳи ноябр аслан дар ҷумҳурӣ он қадар сард намешавад, якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва ҳамзамон резиши барф шаҳрвандонро дар ҳайрат гузошт.

Аз нахустин рӯзе, ки дар Тоҷикистон барф меборад, шаҳрвандон аксу наворҳои ҷолиберо аз барфрезӣ дар шаҳру ноҳияҳо сабт намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Аз ҷумла, канали Namo Media дар шабакаи YouTube резиши фасонавии барф дар яке аз боғҳои пойтахтро нашр намуд, ки манзури шумо мегардонем.

138

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

16
(Таҷдидшуда 14:54 03.12.2020)
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

16
Барчаспҳо:
навор, нигаронӣ, Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

581
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

581
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт

0
Вазори тандурустии Тоҷикистон аз "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ" дидан намуд ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

"Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  идома дорад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ", ки  дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии  сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

0