COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор

267
(Таҷдидшуда 13:11 22.11.2020)
Тазоҳуроти осоишта дар Берлин ба задухӯрди шадид бо кормандони пулис анҷомид. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода намуданд. Зимнан, 300 нафарро боздошт намуданд

Дар маркази Берлин садҳо нафар бо нишони эътироз аз пиёда шудани чораҳои пешгирикунанда аз маризии коронавирус, ба кӯчаҳо рехтанд.

Эътирозгарон назди дарвозаи Бранденбург ҷамъ омада, аз пӯшидани ниқоби тиббӣ сарпечӣ намуданд.

Ҳарчанд ин эътирозҳо аз аввал осоишта буданд, вале сипас ба задухӯрди шадид бо кормандони пулис анҷомид.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода намуданд. Ҳамчунин 300 нафар аз иштирокчиёни тазоҳурот боздошт шуданд.

Суҳбати сардори Хадамоти ҷосусӣ: аз оғози COVID-19 то Белорус, ҷанги Қарабоғ ва Навалний

Ингуна эътирозҳо дар чандин кишварҳои урупоӣ идома доранд. Мардум аз ҷорӣ шудани тадбирҳои пешгирикунанда аз маризии сироятии коронавирус, норизо буда, даст ба эътирозҳо мезананд.

Зикр мегардад, ки чораҳои пешгирикунанда аслан шаҳрвандони Фаронса, Испания, Италия, Чехия ва Словакияро нигарон намудааст. Бо вуҷуди эътирозҳо ва норизогии одамон, шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард дар Урупо ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст.

267
Барчаспҳо:
навор, маҳдудият, эътироз, ИА
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (862)

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

124
(Таҷдидшуда 13:59 30.11.2020)
Мӯд дар замони пандемия низ ҳамқадами замона аст. Унсури нави тарроҳӣ ин ниқоби муҳофизатии тиббӣ шудааст

Аз ҷумла, чунин ниқобҳои ғайриоддиро заргаре аз Туркия омода мекунад. Ниқобҳои омоданамудаи ӯ 25 грамм вазн доранд.

Арзиши ниқобҳои нуқрагин 190 евро нарх дошта, барои ниқобҳои тиллоӣ, заргар беш аз 2 ҳазор евро нарх гузоштааст.

Мутахассисон дар мавриди муфид будан ё набудани ниқобҳое, ки аз тилло ва ё нуқра омода мешаванд, изҳори назар накардаанд.

Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Онҳо то ҳол танҳо аз пӯшидани ниқобҳои оддиӣ тиббӣ ҳарф мезананд, ки ингуна ниқобҳо то 90 дарсади зарраҳои вирусро аз паҳншавӣ ба атроф бозмедоранд.

Зимнан, дар яке аз мағозаҳои номдори Чин ниқобҳое ба фурӯш гузошта шуданд, ки аз алмосу марводир оро дода шудаанд. Нархи ин ниқобҳо ҳам чандон арзон нест.

124
Барчаспҳо:
навор, Туркия, заргарӣ

Муҳорибаи Тайсону Джонсон: беҳтарин лаҳзаҳои рақобат дар навори кӯтоҳ

204
(Таҷдидшуда 21:03 29.11.2020)
Дар Лос-Анҷелеси Амрико муҳорибаи бокси ду қаҳрамони ҷаҳон баргузор шуд. Майк Тайсони 54-сола ба Рой Ҷонси 51-сола рақобат кард. Аммо доварон ғалабаро ба касе надоданд

Муҳорибаи дар “Маркази Стэйплс”-и Лос-Анҷелис баргузор шуд. Бино бар пандемия дар толор нафароне зиёде ҷамъ наомада буданд.

Муҳориба миёни ду боксёри машҳури дунё намоишӣ буд, аммо рақибон 8 раунд бокс карданд.

Пас аз 8 раунди рақобат, доварон ғалабаро ба касе надоданд. Муҳориба дӯстона анҷом ёфт.

Ёдрас мешавем, ҳарду муштзан беш аз 50 муҳорибаҳоро пушти сар карданд ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Рой Джонси 51-сола дар 75 муҳориба 66 пирӯзӣ ба даст оварду дар 9 муҳориба мағлуб шуд.  Майк Тайсон 58 муҳориба анҷом доду дар 50 муҳориба пирӯз шуд.

204
Барчаспҳо:
рақобат, бокс, Майк Тайсон, Амрико
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон