Дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ шаҳри Степанакерт аллакай нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳо ва ҳатто сартарошхонаҳо ба кори худ оғоз карданд.
Инчунин камбуди маводи ғизоӣ эҳсос намешавад. Дар шаҳр корҳои бозсозӣ баъд аз ҷанг идома доранд.
Ба кумаки мутахассисон ба Қарабоғи Кӯҳӣ кормандони КҲФ Русия низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо барои барқарории иншоотҳои ғайринизомӣ кумак хоҳанд кард. Инчунин, поксозии роҳҳо аз минаҳо идома дорад ва сулҳбонони Русия пайроҳадорӣ ва гусели мошинҳои муҳоҷиронро идома дода истодаанд.
Маълумоти бештар дар бораи он ки чигуна Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ кумак мерасонад дар навори мо тамошу кунед.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.
Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.
Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору мулоқот кард.
Дар ниҳояти ин гуфтугӯ вазири ФР эълон дошт, ки Русия барои ҳалли мушкили Қарабоғи Кӯҳӣ бо Эрон манифатдор аст.
"Бо дарназардошти нақши кишварҳоямон дар минтақа, мо ба амиқтар кардани муколама оид ба масъалаҳое, ба монанди амният дар Халиҷи Форс, мушкилоти ҳалли Афғонистон манфиат ҳастем ва албатта, вазъе, ки дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳем кард", - изҳор дошт Лавров.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, шакке нест, ки Эрон ба пайвастан ба ин лоиҳаҳо манфиатдор хоҳад буд.
"Дар ин бора аллакай нақшаҳои мушаххас мавҷуданд, механизми сеҷониба дар сатҳи муовинони сарвазир сохта шудааст, ки бояд нишасти аввалро дар ояндаи наздик баргузор кунад. Ғайр аз Русия, Эрон, Туркия, хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба барқарорсозии иқтисод ҳамроҳ шаванд", - илова кард вазир.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамтои руси худро барои расидан ба сулҳ дар минтақа табрик гуфт.
"Ман фикр мекунам, имкон дорад, ки ин муноқишаро барои ҳамаамон ба як нуқтаи назари умумӣ табдил диҳем. Яке аз ҳадафҳои сафари минтақавии ман омӯхтани ин имкониятҳо мебошад", - гуфт Муҳаммад Ҷавод Зариф.
Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не
Мулоқоти навбатии сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Эрон моҳи феврал дар назар аст.
Масалан Доналд Трампро ҳанӯз 10 сол пеш дар ин филм ба ҳайси президенти ИМА интихоб карда буданд.
Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор
Дар ҳамон филм аввалин маротиба соатҳои Apple Watch, чанд чол пеш аз инқилоби "себӣ" пайдо шуда буданд.
Ҳаводорони филми тасвирии "Сипмсонҳо" боз чанд лаҳзаи дигари пешбинишударо дарёфт карданд:
Дигар пешбиниҳои хонаводаи "Симпсонҳо" - ро дар навори боло тамошо кунед.