(0:00 / .00Mb / )

Аргентина бидуни Диего Марадона: анҷоми пахши мустақим

139
(Таҷдидшуда 19:50 27.11.2020)
Дар Буэнос - Айрос маросими видоъ бо ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадона, ки дар синни 60 - солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, баргузор гардид

Дар маросими хайрбодӣ миллионҳо нафар ҳаводорони ситораи футбол ҳузур доштанд.

Зимнан, кишвардори Аргентина дар робита ба марги Диего Марадона дар сартосари кишвар мотами серӯза эълон кард.

Хабари марги Марадона бегоҳи рӯзи 25 - уми ноябр дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон пайдо шуд. Хабаргузории TN иттилоъ дод, ки Марадона чанде пеш ҷарроҳии фаврӣ паси сар карда буд.

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт дод. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ паст шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30- юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

139
Барчаспҳо:
Аргентина, Диего Марадона

Бӯйи коронавирус: сагҳо ба шинохти COVID - 19 ва навъҳои нави он омӯхта шудаанд

94
Дар баъзе кишварҳо сагҳоро махсус меомӯзонанд то коронавирусро аз зуком ва аз навъи навиCOVID - 19 фарқ кунонад ва ҳатто агар маризӣ бидуни ягон аломат буруз кунад

Дар фурудгоҳи Кунеои Италия сагҳо омӯзонида мешаванд, то афроди ба коронавирус сироятёфтаро ҷустуҷӯ кунанд.

Озмоиш дар якҷоягӣ бо старт-апҳои Финландия, ки сагҳоро таълим медиҳанд, гузаронида мешавад: онҳо ба сагҳо таълим медиҳанд, ки бемориҳои одамро бо бӯй ҷустуҷӯ кунанд.

"Агар шахс бо коронавируси бидуни аломат гирифтор шуда бошад, сагҳо метавонанд онро ошкор кунанд. Онҳо инчунин метавонанд зуком ва COVID-19-ро фарқ кунанд", - тавзеҳ додаст Барбара Сарфатти, мудири амнияти фурудгоҳи I-Sec.

Вай гуфт, ки сагҳо инчунин барои шинохтани навъҳои нави коронаиврус, аз қабили бритонӣ, бразилӣ ва африқоӣ омӯзонида шудаанд.

Лоиҳаи озмоишӣ соли 2020 дар Ҳелсинки татбиқ карда шуд. Маълум аст, ки сагҳо аз 6 ҳазор ҳолат вирусро бо эҳтимолияти 95% шинохтанд.

Оё Тоҷикистон ба "корона" пирӯз шуд - чанд посухи маъмул

Пас аз он ки, сагнафари гирифтор ба коронавирусро муайян мекунад, ташкиси пурратари он нафар минбаъд дар утоқи фавқулода дақиқ мешавад.

Чунин таҷрибаҳо аллакай дар Эрон истифода мешаванд. Дар ин ҷо, дар фасли баҳор, чӯпонони олмонӣ, бозгирандагони тиллоӣ, лабрадорҳо ва коллиҳои марзӣ барои ҷустуҷӯи онҳое, ки ба коронавирус сироят ёфтаанд, ҷалб карда шуданд.

Сагон инчунин дар Русия барои кор дар фурудгоҳҳо омӯзонида мешаванд. Барои ин зоти махсусе бо номи шалаика парвариш карда шуд.

94
Барчаспҳо:
маризӣ, бӯйи бад, саг

Клинтон Трампро дар робита бо Путин айбдор кард. Чаро? - навор

193
(Таҷдидшуда 17:37 22.01.2021)
Дар ИМА боз “изи русӣ” меҷӯянд. Ин дафъа дар ҳамла ба Капитолия. Собиқ котиби давлатии ИМА, Хилларӣ Клинтон гуфт, гӯиё Русия дар ҳамла даст дорад

Тибқи ин ривоят, Доналд Трамп дар ин рӯз бо Владимир Путин тамоси телефонӣ дошт. Хилларӣ Клинтон равобити Трампу Путинро санҷиданист. Клинтон гумон дорад, ки Трамп қабл аз ҳамлаи 6 январ ба Капитолия бо Путин суҳбати телефонӣ дошт.

Ҷонибдорони ҷумҳурихоҳ ҷаласаи якҷояи Конгрессро халалдор карданд, ки дар он пирӯзии демократ Ҷо Байдент дар интихобот тасвиб мешуд.

Собиқ котиби давлатии ИМА хостори сабтҳои суҳбатҳои телефонии Трамп дар 6 январ шуд. Ӯ аз гумону нақшаҳояш дар подкасти  You and Me Both гуфт. Хилларӣ Клинтон, ректори донишгоҳи Квинс, собиқ котиби давлатии ИМА: “Мо дар бораи низоми идориямон тайи чор соли охир – аҳди президенте, ки демократияро хуш надорад, зиёд фаҳмидем”.

Бо Клинтон роҳбари Конгресс, Ненсӣ Пелосӣ суҳбат дошт, ки бетартибӣ дар Вашингтонро “туҳфаи Путин” хонд.

Владимир Ҷабборов, ноиби аввали Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, мегӯяд,  Клинтон – хонуми хеле қасосгир аст.

“Трампро, ки замоне барои президентшавияш монеа шуд, намебахшад... Ин чеҳраи рафта аст, бигзор дар бораи чизҳои шахсияш фикр кунад. Вақташ дар сиёсат гузашт”, - изҳор дошт, ӯ. . 

Соли 2016 дар ИМА чунин иттиҳомот садо дода буданд. Аз ҷумла бе далел Русияро ба дахолат дар интихобти президентӣ айбдор карданд.

Вашингтон зиёд мушкилоти дохилияшро бори нерӯҳои набудаи хориҷӣ мекунад.

193
Барчаспҳо:
ИМА, Русия
ციხე

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар аз Тоҷикистон хост Дона Набиевро озод кунад

0
(Таҷдидшуда 02:00 23.01.2021)
Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Дона Набиеви 81 сола аз зиндон ҳарчӣ зудтар озод шавад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ (Human Rights Watch) аз Тоҷикистон хост, Дона Набиеви 81 соларо ҳарчӣ зудтар озод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи ТОП ТҶ.

“Набиев чанд бор аз ҳисоби нафақаи бознишастагии хеш ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯаи наҳзати исломӣ ба маблағи 15 то 30 доллар кумак кардааст. Аммо ба далели ногувории вазъи ҷисмонии вай, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, мақомоти қазоии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар барои озодии ӯ иқдом кунанд”, - омадааст дар баёнияи Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ .

Қаблан дар пайи маҳкумияти Набиев, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.

Дар ҳамин ҳол,  вакили мудофеи Набиев таъкид кардааст: “Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои ба зиндон маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф кард, ки ин манобеи молиро ба хонаводаҳои онон расонидааст. Вай аз ҳисоби нафақааш низ ду бор маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои ин зиндониён мунтақил кардааст”.

Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳро бо ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон рад кардааст.

0
Барчаспҳо:
озод, ҳуқуқи башар, созмонҳои ҳуқуқи башар, созмон, Тоҷикистон