Чашмҷангу вазнченкунии Тайсон ва Ҷонс пеш аз муштзании таърихӣ-видео

334
(Таҷдидшуда 15:32 28.11.2020)
Қабл аз сабқати таърихии ду чеҳраи шинохтаи олами варзиш - Майк Тайсон ва Рой Ҷонси хурдӣ маросими баркашидани вазн ва чашмҷанги рақибон баргузор шуд

Сабқати Тайсон ва Ҷонси хурдӣ субҳи 29 ноябр тақрибан соати 7:30 бо вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд. Тибқи қавоиди маъмул, як шабонарӯз пеш аз рақобат муштзанҳо вазнашонро чен карданд.

Рой Ҷонс бо вуҷуди талошаш барои расидан ба вазни Тайсон дар ниҳоят 5 кило сабуктар аз ӯ баромад. Маълум шуд, ки вазни Тайсон 99,8 кило ва аз Рой Ҷонс 95,2 килоро ташкил медиҳад.

Баъдан чашмҷанги рақибон баргузор шуд, ки зимни он миёни ду муштзан шиша гузошта шуда буд.

То ҳол Тайсон - 58 сабқат гузарондааст, ки дар 50 адад, аз ҷумла дар 44 сабқат бо накаут пирӯз шудааст. Рой Ҷонси хурдӣ 75 сабқат, 66 пирӯзӣ ва 47 нокаут дорад.

Ин нахустин майдондории Тайсон баъди соли 2005 ва Рой Ҷонс баъди соли 2018 мебошад. Рой Ҷонс инчунин шаҳрвандии Русияро низ дорад.

334
Барчаспҳо:
Майк Тайсон, вазн, муштзанӣ, сабқат, Ҷаҳон

Танкчиёни рус орзуи Максими 12 - соларо амалӣ карданд - видео

83
(Таҷдидшуда 13:00 17.01.2021)
Кӯдак, ки дер боз орзу дошт, дохили танк дарояд, натанҳо ба ин орзуяш расид, балки аз Т-72Б3М тирпарронӣ намуд

Танкчиёни флоти Балтик орзуи Максими 12 - соларо, ки дар Маркази нигоҳубини кӯдакон - "Надежда" тарбият мегирад ва аз парастории волидонаш маҳрум аст, бароварда карданд. Ӯ бисёр мехост бидонад, ки танки ҷангӣ чӣ гуна аст.

Дар парки мошинҳои ҷангӣ меҳмонро фармондеҳи взводи танкӣ, лейтенант Максим Карталов пешвоз гирифта, дар бораи хусусиятҳои асосии танки Т-72B3M, қобилиятҳои ҷангӣ ва афзалиятҳои он нисбат ба чунин танкҳои ҷангии кишварҳои хориҷ сухан гуфт.

Баъд сайёҳат дар дохили танк идома ёфт. Аввалан, Максим дасти худро дар курсии ронанда озмуд. Бо назарияи идоракунии танк шинос шуда, ба хулоса омад, ки барои ин омодагии хуби ҷисмонӣ зарур аст.

Пасон, фармондеҳи взводи танк ҷойи худро ба Максим дод ва ба ҳама саволҳои ӯ посух гуфт.

Онҳо якҷоя бо командир орзуҳои деринаи Максимро амалӣ карданд - ба кор андохтани муҳаррики танк ва силоҳи асосии танки Т-72B3M тавассути дидгоҳи навшудаи Сосна-У.

Максим фаҳмид, ки лавозимоти ҷангӣ дар дохили танк дар куҷо ҷойгир аст, танкчиён бо чӣ мусаллаҳ шудаанд, силоҳҳои шахсии онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд ва чӣ гуна онҳо бо якдигар робита доранд.

Дар охир Максим гуфт, ки мехоҳад ихтисоси ҳарбиро дар оянда аз худ кунад ва пас аз ин сайёҳат хоҳиши ӯ ба ин соҳа дучанд афзуд.

83
Барчаспҳо:
танкистҳо, танк, Русия

Русия аз шартномаи фазои кушод даст мекашад - видео

218
(Таҷдидшуда 12:32 17.01.2021)
Вазорати умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки пай дар пай аз шартномаи ҳавоӣ даст мекашад ва корро оғоз мекунад

Русия аз 15 январ баромадан аз созишномаи ҳавоиро оғоз кард.

Аз аввал 34 давлати ҷаҳон узви ин созишнома буданд. Вале соли 2020 Иёлоти Муттаҳида ҳам расман аз Паймони фазои кушод (DON) хориҷ шуд.

ИМА аз шартномаи фазои кушод даст кашид - навор

Ин созишнома соли 1992 бо мақсади таҳкими амният дар Урупо пас аз Ҷанги Сард ба имзо расидааст.

Созишнома соли 2002 эътибор пайдо кард ва барои таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ таҳия шуда буд. Тибқи созишнома ҷонибҳо метавонистанд ошкоро дар бораи нерӯҳои мусаллаҳ ва фаъолияти якдигар маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад

Аҳдномаи "Фазои кушод" соли 1992 имзо шуда, пас аз ҷанги сард ба яке аз чораҳои таҳкими эътимод дар Урупо табдил ёфтааст.

218
Барчаспҳо:
даст кашидан, Русия, шартнома, созишнома
Горнолыжный спорт, архивное фото

Варзишгарони тоҷику ӯзбек ва қирғизу қазоқ дар Орловка мусобиқа мекунанд

0
(Таҷдидшуда 12:36 18.01.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи лижаронӣ Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

0
Барчаспҳо:
лижаронӣ, Қирғизистон, варзишгарони тоҷик