Муҳорибаи Тайсон ва Джонс рӯзи шанбе дар варзишгоҳи "маркази-Стэплс" баргузор шуд. Муштзанҳо тамоми ҳашт раунд рақобат карданд.
Аммо пас аз анҷоми 8 раунд доварон хулоса бароварданд, ки дар ин рақобат касе пирӯз нашуд.
Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.
Рой джонси 51-сола дар 75 муҳориба 66 пирӯзӣ ба даст оварду дар 9 муҳориба мағлуб шуд. Майк Тайсон 58 муҳориба анҷом доду дар 50 муҳориба пирӯз шуд.
Дар шаҳри Челябински Русия ҳамсояҳо аз болои кӯдаки 9-сола шикоят бурдаанд.
Тавре сокинони бинои серошёна қайд кардаанд, писарак шабона ғижжак менавохтааст ва ба оромии онҳо халал расонидаву онҳоро ба хоб рафтан намемондааст.
Ситораи мусиқии Русия ба ҷонибдории писараки мусиқинавоз бархостанд.
Гузориши пурраро аз навори мо тамошо кунед.
Сабқати Коннор Макгрегор ва Дастин Поре шаби 23 ба 24 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор хоҳад шуд.
Мухлисон муҳорибаи ин ду варзишкорро бесаброна интизоранд.
Тибқи баҳогузории букмекерон ғолиби эҳтимолии сабқат Макгрегор дониста мешавад. Эҳтимоли ғолибияти Пореро таҳлилгарон ҳудуди 33 дарсад арзёбӣ кардаанд. Эҳтимолияти мусовӣ муодили 2 дарсад мебошад.
Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Як рӯз пеш аз муҳориба варзишкорон мухлисонро бо ҷанги чашм ба чашм мухлисонро ба ҳаяҷон оварданд. Пас аз ин ҷанг варзишкорон дасти ҳамдигарро фишурданд, ба ҳозирин барои дастгирӣ ташаккур гуфтанду аз муҳорибаи қарибулвуқуъ чанд сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.
Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.
Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.
Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.
Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.