Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

202
(Таҷдидшуда 13:59 30.11.2020)
Мӯд дар замони пандемия низ ҳамқадами замона аст. Унсури нави тарроҳӣ ин ниқоби муҳофизатии тиббӣ шудааст

Аз ҷумла, чунин ниқобҳои ғайриоддиро заргаре аз Туркия омода мекунад. Ниқобҳои омоданамудаи ӯ 25 грамм вазн доранд.

Арзиши ниқобҳои нуқрагин 190 евро нарх дошта, барои ниқобҳои тиллоӣ, заргар беш аз 2 ҳазор евро нарх гузоштааст.

Мутахассисон дар мавриди муфид будан ё набудани ниқобҳое, ки аз тилло ва ё нуқра омода мешаванд, изҳори назар накардаанд.

Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Онҳо то ҳол танҳо аз пӯшидани ниқобҳои оддиӣ тиббӣ ҳарф мезананд, ки ингуна ниқобҳо то 90 дарсади зарраҳои вирусро аз паҳншавӣ ба атроф бозмедоранд.

Зимнан, дар яке аз мағозаҳои номдори Чин ниқобҳое ба фурӯш гузошта шуданд, ки аз алмосу марводир оро дода шудаанд. Нархи ин ниқобҳо ҳам чандон арзон нест.

202
Барчаспҳо:
навор, Туркия, заргарӣ

Чӣ гуна духтараки 7 - сола кӯҳҳои барфпӯшро фатҳ мекунад - видео

142
(Таҷдидшуда 20:11 24.01.2021)
Комёбиҳои ин духтарак ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ҳамагӣ 7 сол дорад, вале аллакай чандин нишон ба даст овардаасту қуллаҳои баландро фатҳ намудааст

Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.

Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст. 

Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.

"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.

Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.

142
Барчаспҳо:
Русия, варзишкор, духтарак, комёбӣ

Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

159
(Таҷдидшуда 18:25 24.01.2021)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

159
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

0
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

0
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон