Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

848
(Таҷдидшуда 19:58 02.12.2020)
Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

848
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон

Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

71
(Таҷдидшуда 11:33 24.01.2021)
Дар набарди асосии UFC 257, Коннор Макгрегори ирландӣ аз Дастин Прреи амрикоӣ, ки шаш сол пеш нокаут карда буд, мағлуб шуд

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Коннор Макгрегор ва амрикои Дастин Поре буданд.

Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.

Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағир ёфт.

Дар навор дида мешавад, ки Поре аввал пайи ҳам зарбаҳои Макгрегорро сар медиҳад. Дар баробари ин, варзишгар ноумед намешавад ва ҳатто рақибашро масхара мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад.

Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.

Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор натавонист хеста чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.

71
( / / )

Поре Макгрегорро нокаут кард: навори пурраи муҳориба

43
(Таҷдидшуда 11:40 24.01.2021)
Дастин Пореи амрикоӣ ба таври муассир размикори ирландӣ Коннор Макгрегорро нокаут кард

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Мусобиқаи UFC 257 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Муҳорибаи асосӣ вохӯрии Коннор Магрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ буд.

Дар даври аввал Поре Макгрегорро дар қафас ҷасф кар. Ҳарду ҷанговар дар ин мавқеъ чанд муддат истоданд ва пас ҷой иваз карданд - Коннор Дастинро дар чунин вазъ нигоҳ дошт.

Мубориза дар ибтидо суст буд - Макгрегор ва Поре бо мушт дар рӯй ва тани ҳамидигар заданд, аммо тағйироте набуд.

Даври дуюм хеле ҷолибтар шуд. Макгрегор аллакай ба истифодаи пойҳо ва дастонаш шурӯъ кардааст. Поре ҳатто якчанд зарбаи дақиқи ирландиро аз даст дода, бо ҳамлаҳои номуваффақ посух дод.

Бо вуҷуди ин, вақте даври дуюм қариб хотима меёфт, Поре ҳамлаҳои пай дар пай анҷом дод ва ба тааҷҷуби ҳама, Макгрегорро нокауд кард.

43