Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

124
(Таҷдидшуда 19:53 03.12.2020)
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти СААД аз вазъи Афғонистон гуфт.

Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.

“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.

124
Барчаспҳо:
навор, нигаронӣ, Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон

Интқоди тунди Лавров аз таъқиби рӯзноманигорони русзабони Латвия - видео

54
(Таҷдидшуда 19:10 18.01.2021)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзноманигорони русзабони Латвияро, ки аз ҷониби мақомоти кишварашон таҳти фишор қарор гирифтаанд, дастгирӣ кард

Сергей Лавров ваъда додааст, ки "то ин қонуншиканӣ хотима бахшида нашавад, аз қонуншиканон даст намекашем".

Ҳамин тавр, вазири умури хориҷаи Русия, вазъи рӯзноманигорони Sputnik ва Baltnews-ро, ки ба кори онҳо дар Латвия халал мерасонанд, хонаҳояшонро тафтиш мекунанд, ҳабс мекунад ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд, тавзеҳ додааст.

Русия ба талаби амалҳои мушаххас аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ идома медиҳад, афзудааст Лавров.

Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: анҷоми пахши мустақим

"Вақте мо дар бораи нақзи озодии баён далелҳои возеҳ дорем, ҳатто бо таҳдиди кушодани парвандаи ҷиноӣ, он механизмҳое, ки дар форматҳои ҳифзи ҳуқуқи СММ ҷой дода шудаанд, наметавонанд он чизеро, ки бо шумо мекунанд, асоснок гардонанд", - гуфтааст вай дар рафти нишасти матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, нисбати рӯзноманигорони русзабони Латвия, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, иттиҳомоти нақзи низоми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бор карда шудааст.

Феълан онҳо, ӯҳдадор шудаанд, ки аз кишвар берун нараванд. Ба онҳо ҷарима ва ё зиндон таҳдид мекунад.

54
(173:04 / 2876.49Mb / просмотров видео: 40)

Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: анҷоми пахши мустақим

27
(Таҷдидшуда 17:52 18.01.2021)
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия соли 2020-ро натиҷагирӣ мекунад. Ҳамчунин, Лавров ба таври мустақим ва ё онлайн ба суолҳои намояндагони расонаҳо посух хоҳад гуфт.

Лавров як соли кори дипломатҳои Русияро  баҳогузорӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Лавров мавзӯи таъсири пандемияро ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ хоҳад кард.

Нишаст соати 11:00 бо вақти Маскав оғоз гашт.

Ёдрас мешавем, ҳамасола ин нишасти ВКД Русия одатан дар моҳи январ баргузор мешавад ва то ду соат идома меёбад.

27
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

744
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

744
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон