Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

2043
(Таҷдидшуда 14:37 05.12.2020)
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни Бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" сохтв шудааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд.

Главный архитектор памирского дома Шукрихудо
© Sputnik / Стас Этвеш
Главный архитектор памирского дома Шукрихудо
"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Ӯ афзуд, ки як фикри дигар доранд, то дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд онҳо низ як хонаи помирӣ созанд, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаанд.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад шуд ва макони зебои аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад. Бахилӣ ҳеҷ вақт лозим нест", - таъкид мекунад Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ки барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо, мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

2043
Барчаспҳо:
бунёд, Хонаи Помирӣ, Маскав, ихтиёрӣ

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

111
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

111
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон

Навори бозпурсии муҳоҷири ӯзбек, ки дар қатли як хонавода муттаҳам мешавад

582
(Таҷдидшуда 17:05 01.03.2021)
Муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода кор мекард ва феълан аз ҷониби пулис дастгир гардидааст

Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.

Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.

Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.

Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.

Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

582
Вид на международный аэропорт Кольцово в Екатеринбурге

Кӣ парвозҳои масири Екатеринбург-Душанберо "бисзен" мекунад: шикояти муҳоҷирон

0
(Таҷдидшуда 01:13 02.03.2021)
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз Екатеринбург ба ватан баргарданд, иддао доранд, ки ба фиреби ҳамватанони худ дучор омадаанд

ДУШАНБЕ, 2 март- Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловск барои кор омадаанд, баргашта наметавонанд ва ҳамзамон аз амалҳои қаллобонаи ҳамватанон азият мекашанд, менависад рӯзномаи "Вечерние ведомости".

Худи мухочирон ба нашрия шикоят кардаанд.

Маълум шуд, ки баъзе кормандони шӯъбаи масъули парвози мусофирон дар Ҳавзаи федералии Урал аз ҳамватанони худ маблағи ҳаққи парвозҳои махсуси содиротӣ аз Екатеринбург ба Тоҷикистонро зиёд талаб мекардаанд.

Ҳамзамон, муҳоҷиронро барои гузаштан аз ташхиси COVID-19 ба назди табиби мушаххас мефиристодаанд ва бидуни ташхиси лабораторӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус шахсон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Нархи озмоиш 1440 рубл аст, аммо аз онҳое, ки мехоҳанд ба хона парвоз кунанд, 2000 рубл ситонида мешавад.

Дар бораи он, ки расидҳои дар дигар ташкилотҳои тиббӣ гирифташуда, ки санҷишашон арзонтар аст, беэътиборанд, муҳоҷирон ҳангоми хариди чиптаҳо аз дафтари кассаи ҳавопаймоии "Азия-Транс 24" мефаҳманд.

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

Муҳоҷирон инчунин шикоят мекунанд, ки нархи воқеии чиптаҳои ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, аммо дар дафтари ягона ширкате, ки онҳоро харидан мумкин аст, онҳо 44 ҳазор рубл арзиш доранд.

"Бо дарназардошти он, ки ягон роҳи дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ба нархномаи баландкардашуда розӣ шаванд, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд",-менависад рӯзнома.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияҳои Миллӣ-Фарҳангии вилояти Свердловск Фарух Мирзоев қайд кард, ки мушкил вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан шикоятҳои зиёд, аз ҷумла дар бораи гаронии арзиши чиптаҳои ҳавопаймову навбатпоиҳо буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳо бо Русия омода аст

 

Тибқи ҳисобҳои Мирзоев, "марзҳо охири моҳи март - аввали апрел кушода мешаванд". Зимнан, имрӯзҳо шумораи бештари одамон ба Екатеринбург парвоз кардан мехоҳанд, ки ин тақрибан 80-90 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон мебошад.

0
Барчаспҳо:
парвозҳо, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон