"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

118
(Таҷдидшуда 17:05 04.12.2020)
Татяна Жранок дар робита ба боздошт ва бозпурсии рӯзноманигорон дар Латвия мегӯяд, ки таъқиби рӯзноманигорон нақзи дағалонаи озодии сухан аст

Иттиҳоди Русҳои Латвия (RSL) ба хабари боздошти ҳафт нафар бо иттиҳоми вайрон кардани режими таҳримоти Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон дод ва дар назди муҷассамаи Озодӣ дар Рига таҳти шиори "Шумо ҳамаро зиндонӣ нахоҳед кард" пикет баргузор кард.

Сухан дар бораи кофтуков ва боздошти рӯзноманигорони русзабон меравад, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik ҳамкорӣ мекунанд. Кофтукоб ва боздоши рӯзноманигоронро  Ҳадамоти амнияти давлатӣ рӯзи 3 декабр анҷом дод.

Қисмеро мешиносам: вазири маориф дар бораи устодони боздоштшуда ба иттиҳоми "ихвоният"

Чанде пеш, Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, қаблан Sputnik хабар дод, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ аз онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк намекунанд.

Ба 7 рӯзноманигори русзабон ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабс таҳдид мекунад.

118

Сомон ба гирифтани пулҳояш рафту кушта шуд - видео

187
(Таҷдидшуда 13:19 28.02.2021)
Як ҷавони 24-сола дар Душанбе кушта шуд: ӯ ба нафаре қарз дода буду мехост пулашро баргардонад, аммо ба ҷои пул, ба қафаси синааш корд заданд

Ҷиноят дар заминаи доду гирифти пулӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух дод, гузориш медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Аз ҷониби кормандони милисиаи пойтахт дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, Абдурасулов Зоирҷон Отахоновичи 23-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Помир ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Зимни санҷиш дар тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз шаҳрванд Ҷобиров Сомон, соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 90 ҳазор рубли русӣ қардор будааст, ки боиси муноқиша миёни онҳо шудааст.

Аз ҷумла 17 феврали соли ҷорӣ, соати 14:30 даақиқа Ҷобиров Сомон ба хотири бозпас гирифтани маблағи худ ба манзили истиқоматии Зоирҷон рафта, маблағи пулии худро талаб кардааст.

Гумонбаршаванда ба ҷои маблағи пулиро баргардонад, як маротиба ба қафаси синаи Сомон бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ аз рафтани хуни зиёд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Абдурасулов Зоирҷон дастгир шудаву тафтишот идома дорад.

187

Шаршараи Ниагара ях баст - навори ҷолиб

263
(Таҷдидшуда 15:48 27.02.2021)
Дар навор тамошо кунед, ки чигуна шаршара низ ях мебандад. Сайёҳон гуфтаанд, ин ҳодиса барояшон бисёр ҷолиб аст

Шаршараи Ниагара дар марзи ИМА ва Канада дар пайи ҳавои бисёр сард қисман ях баст.

Аммо сардиҳо сайёҳонро аз роҳашон ба тамошои ин шаршараи зебо бознаистондаанд. Шуморо тамошобинони Ниагар баръакс бештар шудааст.

Дар навор тамошо кунед, ки чигуна шаршара низ ях мебандад.

Шаршараи Ниагара - маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара аст, ки иёлати Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.  Гарчанде ки фарқи баландӣ чандон калон набошад ҳам, шаршараҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.

Баландии шаршараҳо 53 метрро ташкил медиҳад. Пойи шаршараҳои Амрикоро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои Амрико 323 метрро ташкил медиҳад.

263
Соҳибёр Толиб, коргардони ҷавони тоҷик ҳангоми наворбардории филм

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

0
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

0
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон