Мусобиқаи гуштирии озод дар як лаҳза ба муштзанӣ табдил ёфт видео

404
(Таҷдидшуда 20:00 05.12.2020)
То ҳол маълум нест варзишкорон ба хотири чӣ ба муштзанӣ оғоз карданд. Ҳамин ки рақобат оғоз шуд ду варзишгар на ба гуштигирӣ балки ба муштзанӣ оғоз карданд

Дар чемпионати Русия миёни наврасон ба ҷои мусобиқаи варзишӣ ду варзишгар ба ҷанги тан ба тан даст заданд. Мусобиқа дар Смоленски Русия баргузор шуд.

Аз аввал рақобат миёни варзишгари Русия аз Осетияи Шимолӣ Алан Багаев ва варзишгар аз Доғистон Бабул Солоев ба таври маъмулӣ набуд. Аввалин лаҳзаҳои гуштигирӣ ба ҷанги тан ба тан табдил ёфт.

Сабабгори ин ҷанг кӣ шудааст то ҳол маълум нест. Муррабиён ва доварон зуд ду варзишкорро раҳо карданд.

Баро рафтори ғайри варзишӣ ҳар ду варзишкор аз бозӣ рогда шуданд.

Аммо маълум шуд, ки баъд аз ин мусобиқа ҳар ду варзишкор оштӣ карданд.

404
Барчаспҳо:
муштзанӣ, ҷанг, гуштигирӣ, Русия
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 93)

Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: пахши мустақим

19
(Таҷдидшуда 14:00 18.01.2021)
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия соли 2020-ро натиҷагирӣ мекунад. Ҳамчунин, Лавров ба таври мустақим ва ё онлайн ба суолҳои намояндагони расонаҳо посух хоҳад гуфт.

Лавров як соли кори дипломатҳои Русияро  баҳогузорӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Лавров мавзӯи таъсири пандемияро ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ хоҳад кард.

Нишаст соати 11:00 бо вақти Маскав оғоз гашт.

Ёдрас мешавем, ҳамасола ин нишасти ВКД Русия одатан дар моҳи январ баргузор мешавад ва то ду соат идома меёбад.

19

Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео

68
(Таҷдидшуда 13:58 18.01.2021)
Дар намоишгоҳи CES 2021 ширкати Moley Robotics роботеро пешниҳод кард, ки қодир аст, хӯрокҳои мураккабро аз аввал мустақилона омода кунад

Вай ду даст дорад, ки ба гуфтаи эҷодкорон, ба ҳаракатҳои инсон дақиқ тақлид мекунанд.

Дастгоҳ қодир аст, ки маҳсулоти заруриро аз раф гирад, тайёр кунад, бирён кунад, ҷӯшонад ё пазад ва омехта кардану интихоби ҳарорати лозимиро дар ин миён фаромӯш намекунад.

Барои ҳаракат дар фазо системаи мураккаби камераҳо ва сенсорҳо истифода шудаанд.

Агар чизе рехта шавад, робот худаш тоза мекунад. Вай инчунин метавонад зарфҳоро бишӯяд.

Дар хотираи робот беш аз панҷ ҳазор дастури хӯрок мавҷуд аст - корбарон метавонанд мустақилона дастурҳои хӯрокҳои дӯстдоштаашонро илова кунанд.

Таҳиягарон ваъда медиҳанд, ки агар корбар ногаҳон аз ғизоҳои мавҷуда мавҷуда хаста шавад, китоби хӯрокҳоро ҳар моҳ навсозӣ мекунад.

Арзиши робот аз 30 то 55 ҳазор фунт стерлинг  (40,8 ҳазор - 74,8 ҳазор доллар) мебошад.

68
Барчаспҳо:
фурӯшу пухтани ғизо, хӯрок, Ҷаҳон, ҷаҳон, робот
Сотрудники милиции

Пулис ду сокини Хатлонро дар Душанбе барои ташкили "алик-малик" боздошту ҳабс кард

0
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ин ду ҷавони боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ҷазо дода шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.

"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз фаъолияти қиморхонаҳо, боздошт, Душанбе