Мурғҳои қу ба макони зимистонгузаронӣ ба Қарокул расиданд видео

162
(Таҷдидшуда 13:00 11.12.2020)
Даҳҳо мурғҳои қуи сафед барои зимистонгузаронӣ ба Қарокул, ки дар Қазоқистон ҷойгиршудааст, расиданд

Дар наворе, ки нашр шудааст дида мешавад, ки мурғҳои қу дар макони зимистонгузарониашон мутобиқ мешаванд.

Тибқи иттилои парандашиносон дар як сол дар ин кул беш аз 90 намуди паранда менишинад, аксар барои истироҳат барои идомаи парвоз ба ҷойҳои гармтар ва дигаре барои зимистонгузаронӣ.

Инчунин Қароқул макони дустмедоштаи парандаҳои Бутимори пӯстсурх аст, ки ҳамасола ба ин минтақа дар фасли баҳор ва миёнаи фасли тирамоҳ меоянд.

Ин обанбори сунъӣ ба гурӯҳи мамнӯъгоҳи давлатии Караги-Қарокул ворид мешавад ва он таҳти ҳимояи давлат мебошад.

162
Барчаспҳо:
макон, Қазоқистон, зимистон

Ҳамсояҳо аз кӯдаки 9-сола ба пулис шикоят бурданд - навор

61
Кӯдак, ки мусиқинавоз будааст, ба гуфтаи шикоятбарандагон - ҳамсояҳо ба оромии онҳо доим халал мерасонидааст

 Дар шаҳри Челябински Русия ҳамсояҳо аз болои кӯдаки 9-сола шикоят бурдаанд. 

Тавре сокинони бинои серошёна қайд кардаанд, писарак шабона ғижжак менавохтааст ва ба оромии онҳо халал расонидаву онҳоро ба хоб рафтан намемондааст.

Ситораи мусиқии Русия ба ҷонибдории писараки мусиқинавоз бархостанд.

Гузориши пурраро аз навори мо тамошо кунед.

61

Конор Макгрегор ва Дастин Поре: ҷанги чашм ба чашм - видео

277
(Таҷдидшуда 16:47 23.01.2021)
Конор Макгрегор ва Дастин Поре тамошобинонро бо ҷанги чашм ба чашми пеш аз муҳорибаи қарибулвуқуъ дар UFC дар ҳаяҷон гузоштанд

Сабқати Коннор Макгрегор ва Дастин Поре шаби 23 ба 24 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор хоҳад шуд.

Мухлисон муҳорибаи ин ду варзишкорро бесаброна интизоранд.

Тибқи баҳогузории букмекерон ғолиби эҳтимолии сабқат Макгрегор дониста мешавад. Эҳтимоли ғолибияти Пореро таҳлилгарон ҳудуди 33 дарсад арзёбӣ кардаанд. Эҳтимолияти мусовӣ муодили 2 дарсад мебошад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.

Як рӯз пеш аз муҳориба варзишкорон мухлисонро бо ҷанги чашм ба чашм мухлисонро ба ҳаяҷон оварданд. Пас аз ин ҷанг варзишкорон дасти ҳамдигарро фишурданд, ба ҳозирин барои дастгирӣ ташаккур гуфтанду аз муҳорибаи қарибулвуқуъ  чанд сухан гуфтанд.

Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

277
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, чашм, ҷанг, тамошобинон, муҳориба, Макгрегор

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 01:54 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, Асроров ахири соли гузашта варзишкори украинӣ Данило Савченко ва қабл аз он Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро шикаст дод.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0