"Диданӣ": навори парвози бобарори мушаки "Ангара - А5"

159
(Таҷдидшуда 18:37 14.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори партоби бобарори мушаки "Ангара - А5" - ро аз пойгоҳи кайҳонии Плесетски нашр кард

Парвози мушаки "Ангара-А5" дар ҳолати муқаррарӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия.

Тайи шаш соли охир ин мушак бори дуввум озмоиш карда шуд.

Парвози тамошобоби "Ангара-А5" -ро аз кунҷҳои гуногун ба навор гирифтаанд.

"Ҳама амалиётҳои пеш аз парвоз ва партоби мушак дар режими муқаррарӣ сурат гирифтанд", - қайд мешавад дар хабарнома.

Озмоиши мушак соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Сегонаи ҳастаӣ, давои таби баланди ИМА ва НАТО: гулӯлаҳои Русия то куҷо парвоз мекунанд

Моҳи ноябр Вазорати дифоъ талош кард буд, то мукашро партоб кунад, вале ба сабаби муқовимати изолятсияи байни блокҳои дуюм ва сеюм партоб бемуваффақият анҷом ёфт.

Идомаи поксозии заминҳои Степанакерт аз мина - навор

Хотиррасон менамоем, ки "Ангара" як оилаи мошинҳои мушакбари Русия мебошад. Онҳо сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода мебаранд.

159
Барчаспҳо:
Русия, мушак, парвоз

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

72
(Таҷдидшуда 19:46 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гуна аст

Кайҳоннавард ин падидаи табиии зеборо дар телефони ҳамроҳи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намоён нест аз кайҳон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

72
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

411
(Таҷдидшуда 12:27 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика, Уолтер Замораро мағлуб кард

Муҳорибаи ахири “Тоҷик” шоми гузашта соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пайдарпай ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

411
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон