Киштии зеробии “Владимир Мономах” якбора чанд мушаки “Булава”-ро партоб кард – видео

Обуна шудан
Дар шабакаи интернет навори партоби якбора чанд мушаки дурбурди “Булава” аз киштии зеробии “Владимир Мономах” нашр шуд

Киштии зеробии муоссири Русия, ки номи “Владими Мономах” дорад, бори аввал якбора чанд мушаки балестикии “Булава”-ро партоб кард, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.

Испытательный пуск ракеты-носителя «Ангара-А5» с космодрома Плесецк - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
"Диданӣ": навори парвози бобарори мушаки "Ангара - А5"

Манбаъ таъкид доштааст, ки киштии зеробӣ якбора чанд мушакро аз зери об дар қитъаи баҳри Охотский партоб кардааст.

Тибқи иттилои вазорати дифои Русия партоби мушакҳои балестикӣ ба хотири санҷиши омодагии нерӯҳои дарёи ва стратегии Русия мебошад.

Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаҳои тамринҳои мушакҳои стратегӣ вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба сарфармондеҳи қуваҳои мусалаҳи Русия Владимир Путин гузориш дод. Вай дар гузориши худ гуфт мушакҳо 5,5 ҳазор километро тай карда, дар майдони озмоишии Чижа, ки дар вилояти астрахан қарор гирифтааст, ба ҳадаф расиданд.   

Лентаи хабарҳо
0