Самаранокии воксинаи “Спутник V” исбот шуд, аммо Ғарб онро қабул надорад: чаро? - видео

166
(Таҷдидшуда 18:04 16.12.2020)
Воксинаи “Спутник V” самаранокиашро исбот кард. Чаро Ғарб мехоҳадад ҳамаро дар баръакси кор муътақид созад дар навори мо тамошо кунед

Воксинаи сохти Русия “Спутник V” самаранокии беш аз 91 дарсадиро нишон дод.

Дар ин бораи пажуҳишгоҳи Гамалаи Русия хабар додааст. Воксинаи мазкур дар тамоми ҷаҳон ҳангомаеро бардошт.

Бархе аз кишварҳо мехоҳанд зуд ин даворо, ки бар зидди вируси корона мубориза мебарад, бихаранд, дигар кишварҳо бар зидди он ҷанги иттилоотӣ эълон карданд.

Муваффақияти воксинаи  “Спутник V” ба кӣ халал мерасонад ва фарқияти воксина аз пласиборо дар навори мо тамошо кунед.   

166
Барчаспҳо:
Спутник, Ғарб, Русия

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

78
(Таҷдидшуда 17:25 19.01.2021)
Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas бо 300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" фуруд омад

Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas, бо миқдори зиёди ваксинаи зидди вируси корона  фуруд омад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамин гуна миқдор  300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V"  аз Русия ба Аргентина охири моҳи декабр интиқол ёфта буд.

Ваксинаҳоро тавассути мошинҳои боркаш ба минтақаҳои кишвар равон карда шуданд ва баъд аз ба даст овардани ваксина пизишкон фавран ба эмгузаронӣ оғоз карданд.

Гуфта шудааст, ки аввалин эмдашудаҳо кормандони соҳаи тиб буданд.

Ваксинаи бар зидди коронавируси "Спутник V"-и Русияро Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Бунёди сармояҳои мустақими Русия таҳия шудааст.

Мувофиқи натиҷаҳои санҷишҳо ваксинаи "Спутник V" самаранокии 91,4 дарсадиро нишон додааст ва барои ҳолатҳои вазнини коронавирус ҳатто самаранокии 100 дарсадиро низ нишон додааст.

78
Барчаспҳо:
Аргентина, ҳавопаймо, Спутник

ИМА меъёрҳои демократияро хат зад: Володин оид ба маҳдудсозии Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ

162
(Таҷдидшуда 17:41 19.01.2021)
Бастани сафҳаҳои президенти равандаи ИМА Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ аст, мегӯяд раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин

Дар ҷаласаи навбатии Думаи давлатӣ, раиси он Вячеслав Володин як қатор масъалаҳои рӯзномаи дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи ногувори озодии сухан дар Иёлоти Муттаҳида -ро ба миён гузошт.

Володин қарори шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бастани сафҳаҳои президенти раванда Доналд Трампро амали ғайриқонунӣ мешуморад.

Вай қайд кард, ки пештар Иёлоти Муттаҳида стандартҳои демократияро ба тамоми ҷаҳон таълим медод, аммо акнун худи онҳо онҳоро хат задаанд.

"Президенти амалкунанда, ки қариб ҳафтоду панҷ миллион амрикоиҳо ва тарафдоронаш ба ӯ овоз доданд, аз як ҳаққи асосӣ - озодии сухан маҳрум шуданд", - таъкид кард, ӯ.

Вай қайд кард, ки баъзе пойгоҳҳои иттилоотии Амрико монополия мебошанд ва агар онҳо дар кишвари худ чунин рафтор кунанд, пас метавон танҳо тахмин кард, ки онҳо дар дигар кишварҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард.

Доналд Трамп пас аз изҳороташ дар бораи ошӯбҳои 6 январ дар Вашингтон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуд.

“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Сипас, баъди суханронии Трамп тарафдоронаш ба ҳаяҷон омада Капитолиро забт карданд. Панҷ нафар кушта шуданд. Худи президенти равандаи ИМА иттиҳоми таҳрикро рад кард.

 

162
Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

0
(Таҷдидшуда 13:49 20.01.2021)
Блогери машҳури TIK Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева хабар дод, ки 20 рӯзи охир ҳамвандонаш ягон контенти навро интизор нашаванд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Блогери машҳури тоқикистонӣ Дина Саева ба ҳамвандонаш хабар дод, ки рӯзҳои оянда онҳоро бо аксҳои нав шод карда наметавонад. Дар баробари ин ӯ мегӯяд хабар дар бораи сафар ба санаторий барояш ғайричашмдошт буд.

Зиёда аз ин, тибқи қавонини санаторий ба ӯ истифодаи интернет иҷоза дода намешавад.

Ҳаводорони блогер ҳадз задаанд, ки ин на  истироҳат, балки табобати иҷборӣ аст: чун вақтҳои охир Дина хеле лоғар шудааст, ки сабабаш стресс, мушкилоти равонӣ ё вобастагӣ аз чизе шуда метавонд.

Сабаби дигар метавонад бемориҳои қаблӣ бошад. Масалан, тобистони соли гузашта духтарак ҷарроҳии мураккаберо аз сар гузаронид.

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Аммо, PR-директори блогер Максим Задворнов дар суҳбат бо StarHit тавзеҳ дод, ки сафар ба осоишгоҳ хусусияти табобатӣ надорад. Вай гуфт, Саева дар санаторияи оддии Русия аст, на дар реабилитатсия ё ягон клиникаи махсус.

"Яке аз шартҳои истироҳати хуб дур будан аз кор аст. Азбаски кори Дина блоггинг аст - ин маънои аз шабакаҳои иҷтимоӣ канда шуданро дорад. Вай, албатта, намехоҳад аз ҳамвандонаш ҷудо шавад, аммо барои истироҳат бояд баъзан ин корро кард", - гуфт Задворнов.

Ёдовар мешавем, ки зодаи Тоҷикистон Дина Саева дар Русия шӯҳрати беандоза пайдо кардааст. Маҷаллаи Forbes ӯро дар байни блогерҳои сердаромади TikTok дар Русия аз пешсафон ном бурд.

0
Барчаспҳо:
табобат, истироҳат, осоишгоҳ, Русия