Коргардони машҳури амрикоӣ Оливер Стоун бо ваксинаи русӣ эм карда шуд -видео

122
(Таҷдидшуда 12:02 17.12.2020)
Дар мусоҳиба бо Шабакаи аввал Оливер Стоун нақл кард, ки ӯро бо нахустин ваксинаи сабтшуда "Спутник V" эм карданд
"Ман чанд рӯз пеш эм кардам. Намедонам, то чӣ андоза ин кумак мекунад, вале ман дар бораи он шарҳҳои мусбат шунидаам", - гуфт коргардон.

Вале, ин танҳо қисмати аввали эмгузаронӣ аст.

Самаранокии воксинаи “Спутник V” исбот шуд, аммо Ғарб онро қабул надорад: чаро? - видео

Оливер Стоун ҷоизадори секаратаи "Оскар" барои сабти филми нави ҳуҷҷатии худ дар Русия қарор дорад.

Феълан коргардон дар мавзуъи тағйироти иқлим кор мебарад. 

Ваксинаи сохти русии алайҳи коронавирус бехатарии дусоларо таъмин мекунад

Ӯ ҳамроҳ бо гурӯҳи наворбардорон аз истгоҳи атомии Белоярский дар вилояти Свердлов боздид кардааст..

122
Барчаспҳо:
вируси корона, Русия, ИМА, эмгузаронӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (936)

Чӣ гуна духтараки 7 - сола кӯҳҳои барфпӯшро фатҳ мекунад - видео

126
(Таҷдидшуда 20:11 24.01.2021)
Комёбиҳои ин духтарак ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ҳамагӣ 7 сол дорад, вале аллакай чандин нишон ба даст овардаасту қуллаҳои баландро фатҳ намудааст

Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.

Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст. 

Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.

"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.

Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.

126
Барчаспҳо:
Русия, варзишкор, духтарак, комёбӣ

Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

150
(Таҷдидшуда 18:25 24.01.2021)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

150
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон
Доллар на земле, архивное фото

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,5 млрд. доллар дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 00:42 25.01.2021)
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллар мавриди татбиқ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Дар ин ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
маблағ, лоиҳа, сармоягузорӣ, Тоҷикистон