(276:37 / 4544.63Mb / просмотров видео: 51)

Путин ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ посух медиҳад - пахши мустақим

239
(Таҷдидшуда 15:20 17.12.2020)
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз бо рузноманигорони хориҷиву дохилӣ нишасти матбуотӣ дорад ва ба суолҳои онҳо посух хоҳад дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 17 декабри соли равон  соати 12:00 ба вақти Маскав нишасти матбуотии солонаашро дар шакли онлайн баргузор мекунад.

Солҳои пеш Владимир Путин, президенти Русия  чандин соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, дар Кохи Кремлин посух медод.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт. Имсол нишаст ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

Суолҳо ба сиёсати дохиливу хориҷаи Русия рабт доранд.

Нишасти матбуотии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва сомонаи Sputnik Тоҷикистон  мустақиман пахш мешавад.

239

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд видео

71
(Таҷдидшуда 18:51 21.01.2021)
Вазорати дифои Русия ахиран навори маъракаи эмгузаронӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистонро миёни низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия интишор кард

Маъракаи эгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

"Эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ, бо имзои санади розигии низоми ё шахси ғайринизомӣ сурат мегирад", - гуфт Дамир Ижбердеев, сардори беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия.

Пеш аз эмгузаронӣ, табибон вазъи сарбозро ташхис мекунанду ва дар бораи оқибатҳои манфии воксина ба таври комил маълумот пешниҳод мекунанд. Ҳар як низомӣ дар бораи сироят, нишонаҳои он ва таъсири воксина пешакӣ огоҳӣ гирифтаанд.

71
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, пойгоҳи 201-уми Русия, Русия, пойгоҳ, низомиён, вируси корона, Тоҷикистон

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

106
(Таҷдидшуда 19:17 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

106
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия
Рабочие на строительной площадке, архивное фото

Иҷозати Ҳукумати Русия барои вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон

0
Вазорати сохтмони Русия хабар дод, ки ҳукумат низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳоро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.

Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.

“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.

Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.  

Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.

0
Барчаспҳо:
иҷозат, Русия, сохтмон, Тоҷикистон