Мулоқоти онлайнии Раҳмон, Путин, Мирзиёев ва дигар сарони ИДМ - анҷоми пахши мустақим

Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар ҳошияи ҳамкориҳои ИДМ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ кунанд

Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил нишасти солона баргузор мекунанд. Танҳо ин нишаст, имсол бо далели пандемия дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.

Интизор меравда, ки мавзӯи асосии ин видеоконфронс низ коронавирус ва таъсири он иқтисоди кишварҳо мегардад.

Ҳамчунин роҳбарии иттиҳод ба Белорус супурда мешавад.

Дар нишаст президенти Русия Владимир Путин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, президенти Белорус Александр Лукашенко ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов иштирок мекунанд.

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян бо далели марги падараш иштирок намекунад. 

Лентаи хабарҳо
0