Аз Қарабоғ, Афғонистон ва коронавирус: навори суханронии Раҳмон дар нишасти ИДМ

118
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ кард. Дар ин зимн, ба талошҳои миёнаравии Русия  ва амалиётҳои қатъии роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба созиш дар бораи оташбас дар минтақаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ равона шуда буданд, баҳои баланд дода шуд.

Раҳмон хостори таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ шуд

Президент зимни баррасии масъалаи таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ имсол ба он дучор омад, суханронӣ карда, ба таҳдиди он ба амнияти озуқаворӣ ва бӯҳрони башардӯстонаи бисёр кишварҳо, таваҷҷуҳи махсус дод.

“Тибқи баҳогузории сохторҳои салоҳиятдори СММ, бинобар таназзули шадиди иқтисодӣ ва афзоиши якбораи бекорӣ шумораи гуруснагон дар ҷаҳон то ба 270 миллион нафар, яъне ду баробар афзоиш ёфт”, — таъкид кард президент.

Мулоқоти онлайнии Раҳмон, Путин, Мирзиёев ва дигар сарони ИДМ - анҷоми пахши мустақим

Эмомалӣ Раҳмон Бо дарназардошти тамоюли манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ,  даъват карданд, ки дар доираи Иттиҳод ба оқибатҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодии пандемия якҷоя вокуниш нишон дода, тадбирҳои муассиртар қабул ва ба рушди амалии сегменти тиҷоративу иқтисодии ҳамкории дорои иқтидори азим, аҳамият дода шавад.

 

118

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

71
(Таҷдидшуда 19:46 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гуна аст

Кайҳоннавард ин падидаи табиии зеборо дар телефони ҳамроҳи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намоён нест аз кайҳон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

71
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

409
(Таҷдидшуда 12:27 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика, Уолтер Замораро мағлуб кард

Муҳорибаи ахири “Тоҷик” шоми гузашта соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пайдарпай ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

409
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон