Чаро Иёлоти Муттаҳида аз иттифоқи низомии Русия ва Туркия метарсад: видео

182
(Таҷдидшуда 13:07 20.12.2020)
Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳримҳои ба қарибӣ содиршудаи ИМА алайҳи Туркияро нотавонии Амрико дар рақобат одилона унвон кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия S-400, ки Туркия харидааст, ба артиши ИМА таҳдид мекунад.

"Хариди ин системаҳо кормандони низомии амрикоӣ ва технологияҳои низомии Амрикоро зери хатар мегузорад ва инчунин ба Русия дастрасӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва саноати дифоъи онро медиҳад",- гуфт вазорати умури хориҷии ин кишвар.

Ба гуфтаи Помпео, таҳримҳои ба қарибӣ алайҳи Федератсияи Русия пешбинишуда кишварро маҷбур мекунанд, ки "дар посух ба доираи васеи амалҳои бадкирдоронаи он ҷуброн кунад".

Дар навбати худ, Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки чораҳои андешидаи Иёлоти Муттаҳида  нотавонии давлат дар рақобат одилонаро нишон медиҳад.

Қаблан Иёлоти Муттаҳида алайҳи Туркия барои харидории S-400 аз Русия таҳримот ҷорӣ карда буд.

Маҳдудиятҳо ба котиботи Саноати мудофиаи Туркия, роҳбари он Исмоил Демир ва якчанд мансабдорони давлатӣ ҷорӣ шудаанд.

182

Қапид ва буғӣ кард: размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби қирғизашро аз пой афтонд - видео

274
(Таҷдидшуда 19:29 03.03.2021)
Рақобат миёни размикори аз Тоҷикистон ва намояндаи Қирғизистон, бо як ҳайбат оғоз шуду зуд анҷом ёфт

Охири ҳафтаи гузашта дар Маскав мусобиқаи муҳорибаи омехта дар Колизей: Battle of Champions 19 баргузор шуд. Дар октагон варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳам омаданд.

Қувваозмоии Мирзокарим Шарифзода аз Тоҷикистон ва Мирлан уулу Айдемир аз Қирғизистон назаррас буд.

Ҳарду варзишгар дар вазни 61 кило мубориза бурданд. Ҳарду барои варзиши касбӣ хеле ҷавонанд.

Шарифзода аз сонияҳои аввал ду зарба зад. Варзишгар аз Қирғизистон ба ҳамла шитофт, аммо ин иштибоҳи ӯ буд.

Ҷанговар аз Тоҷикистон душманро дастгир карда, муборизи қирғизро дастгир ва буғӣ кард.

Ҷанг дар камтар аз як дақиқа ба поён расид.

274
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, размикор, қирғиз, тоҷик

Зебоиҳои баҳори Тоҷикистон бо сурудҳои Далер Назар видео

104
(Таҷдидшуда 19:22 03.03.2021)
Дар шабакаи интернет наворе нашр шуд, ки дар он бо садо додани гитара ва хондани сурудҳои Далер Назар дар яке минтақаи зебоманзари Тоҷикистон зебоиҳои баҳорӣ ин минтақа нишон додашудааст

Бо фаро расидани баҳор, сокинони Тоҷикистон ба тамошои манзараҳои зебои кишвар шитоб мекунанд.

Сокинон бо рафиқони худ кушиш мекунанд берун аз деҳаву шаҳру ноҳияҳо браванд, то аз ҳавои кӯҳистону табиати зебо лаззат баранд.

Дар Интернет видеои зебои баҳорӣ нашр шудааст, ки дар он бозии волейбол дар берун, омода кардани оши палов барои варзишгарон ва албатта овозхонии маъруфтарин сурудҳои баҳорӣ дида мешавад.

Маълум аст, ки видео дар Нуробод, дар 135-километрии шарқи шаҳри Душанбе, ба навор гирифта шудааст.

Худи деҳаи кӯҳистонӣ дар навор бениҳоят зебову ҷолиб менамояд. Дар доманаи кӯҳҳо аллакай аввалин гулҳои баҳорӣ пайдо шуданд, ки онҳо дар пасманзари нишебиҳои барфпӯш фарқ мекунанд.

104
Барчаспҳо:
зебо, Далер Назаров, суруд, баҳор, Тоҷикистон
Денежные купюры: евро, доллары и российские рубли.

Ҷаҳиши қурби Евро ва рубли русӣ дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 09:44 04.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби Евро ва рубли русӣ боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6377 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1530 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0
Барчаспҳо:
рубл, евро, асъор, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон