Рӯз аз рӯз зеботар: Тошканд намои нав мегирад - видео

268
(Таҷдидшуда 16:26 21.12.2020)
Дар Тошканд новобаста аз мушкилии иқтисодӣ, ки дар пайи пандемияи коронавирус бештари кишварҳо рӯбарӯ шуданд, сохтмону ба истифода додани иншооти муҳим идома дорад

Чунончи, дар давоми соли 2020 қисми рӯизаминии метрои Тошканд сохта, ба истифода дода шуд. Аввалҳои декабр бошад, ифтитоҳи Заводи металлургии Тошканд баргузор шуд.

Тасмими Душанбею Тошканд барои ташкили хатсайрҳои иловагии мусофирбарӣ ва транзитӣ

Ҳамчунин дар ноҳияи Яшнободи пойтахти Ӯзбекистон эстакадаи сесатҳаро ба истифода доданд.

Бахшида ба 75-солагии Рӯзи ғалаба дар Тошканд Боғи ғалаба ба истифода дода шуд.

Сохтмони мактабҳо, боғҳо ва хиёбонҳо идома дорад ва ҳамчунин ба наздикӣ таҷдиди Маркази мадании исломӣ ба анҷом меравад.

Навори тағйир ёфтани намои Тошкандро аз гузориши видеоии Sputnik Ӯзбекистон тамошо кунед.

 

268
Барчаспҳо:
намоиш, Тошканд, Ӯзбекистон

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

334
(Таҷдидшуда 12:27 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика, Уолтер Замораро мағлуб кард

Муҳорибаи ахири “Тоҷик” шоми гузашта соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пайдарпай ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

334

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

120
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

120
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Қадами "лимит" ба Мурғоб низ, ки 30 дараҷа сард аст, расидааст

0
(Таҷдидшуда 17:26 16.01.2021)
Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар ноҳияи Мурғоб, ки минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, интиқоли барқ маҳдуд шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сармо кӯҳистоннишинони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кард, гузориш медиҳад "Парс тудэй дар истинод ба "Топ тиҷи".

Манбаъ менависад, сармои шадиди зери 30 дараҷа сокинони ноҳияи Мурғоб баландтарин минтақаи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кардааст.

"Бо вуҷуди ин ки дар ду соли ахир аз нерӯгоҳи барқи обии ҳазору 500 мегаватӣ, нерӯгоҳи офтобии 220 киловаттӣ дар ноҳияи Мурғоб баҳрабардорӣ шуда, аммо акнун ба хонаҳои сокинони ин ноҳияи кӯҳистонӣ, ки дар иртифоъи 3 ҳазору 600 метрӣ аз сатҳи дарё воқеъ шудааст, 12 соат дар шабонарӯз барқ мунтақил мешавад", - менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳфозил Шоҳнизиров, корманди ширкати барқи вилояти Бадахшон гуфтааст, ки кам будани об дар нерӯгоҳи барқи обии Мурғоб мӯҷиби таваққуфи фаъолияти яке аз ду турбини ин нерӯгоҳ шудааст. Бо ҳамин далел масъулон маҷбуранд даст ба маҳдудияти барқ бизананд.

Вай афзуд, ин ширкат қасд дорад, ки дар 61 рӯстои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ бисозад то аз манобеи оби камтаре истифода шавад ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ низ таъмин шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Дар чорчӯби ин маҳдудияти сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд.

Аҳолии ноҳияи Мурғоб, тибқи омори соли 2010,  6 ҳазору 300 нафар гуфта мешавад.

0