Ҳодиса дар Сисян: Пашинян бо исрори руҳонӣ  ибодатгоҳро тарк кард видео

430
(Таҷдидшуда 13:31 22.12.2020)
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо вуҷуди норозигии аҳолии маҳаллӣ бо сафар дар вилояти Сюник қарор дорад

Паргев Зейналян, рӯҳонии калисои Сурб Григор Лусаворич дар Сисян, аз дастфишорӣ бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян худдорӣ кард.

Вай ба сарвари ҳукумат маслиҳат дод, ки маъбадро тарк кунад.

Видеои ин қисмат дар интернет пайдо шуд.

Наворҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пашинян ба калисои минтақаи Сюник базӯр ворид шуда, онро тарк мекунад.

Сарвазири Арманистон, сарфи назар аз эътирози сокинони маҳаллӣ, ки даромадгоҳи минтақаро бастанд, рӯзи душанбе ба сафари Сюник рафт.

Вазъ дар минтақаи Сюник пас аз он ки пас аз ҷанг баъзе минтақаҳои таҳти назорати Озарбойҷон гузашт, бадтар шуд.

Ту гунаҳкор нестӣ: Алиев Пашинянро тарафгирӣ кард

Пас аз он, раванди аломатгузории марз бо Озарбойҷон оғоз ёфт, ки боиси норозигии шадид дар байни сокинони маҳаллаҳои марзии Арманистон гардид.

430
Барчаспҳо:
калисо, Никол Пашинян, Арманистон

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд видео

49
(Таҷдидшуда 18:51 21.01.2021)
Вазорати дифои Русия ахиран навори маъракаи эмгузаронӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистонро миёни низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия интишор кард

Маъракаи эгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

"Эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ, бо имзои санади розигии низоми ё шахси ғайринизомӣ сурат мегирад", - гуфт Дамир Ижбердеев, сардори беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия.

Пеш аз эмгузаронӣ, табибон вазъи сарбозро ташхис мекунанду ва дар бораи оқибатҳои манфии воксина ба таври комил маълумот пешниҳод мекунанд. Ҳар як низомӣ дар бораи сироят, нишонаҳои он ва таъсири воксина пешакӣ огоҳӣ гирифтаанд.

49
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, пойгоҳи 201-уми Русия, Русия, пойгоҳ, низомиён, вируси корона, Тоҷикистон

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

92
(Таҷдидшуда 19:17 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

92
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия
День 22 января

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 21.01.2021)
Рӯзи бисту дуюми январ дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук ва дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат мебошад

Рӯзи 22 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.

Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане
© Sputnik / Стас Этвеш
Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане

Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

Рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро "Ҷамъияти пушкинӣ"- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ

Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

Рӯзи 22 январ кӣ ба дунё омадааст

Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.

Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.

Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.

Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.

Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.

Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон