Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

399
(Таҷдидшуда 16:52 22.12.2020)
Соли наву коронавируси нав: мутатсия ё худ шакли нави коронавируси COVID-19 дар Британияи Кабир босуръат паҳн мешавад

Аллакай зиёда аз 20 кишвар ҳаракати ҳавопаймоиро бо Бритониёи Кабир маҳдуд кардаанд. Сабаби ин навъи нави коронавирус мебошад.

Бори аввал дар бораи он тақрибан ду ҳафта пеш эълом шуда буд, аммо танҳо дар рӯзи дигар олимон дар бораи навъи ҷадиди коронавирус маълумоти нав гирифтанд.

Муайян карда шуд, ки шакли нав нисбат ба дигар намудҳои COVID-19 70% бештар сироят мекунад: он дар байни одамон хеле зудтар паҳн мешавад.

Аммо, то ҳол ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки навъи нави коронавирус боиси марги бештар ё раванди шадиди беморӣ гардад.

Намуди нави COVID аллакай дар дигар кишварҳо - Италия ва Австралия пайдо шудааст.

Дар Британияи Кабир бо сабаби паҳншавии мутатсияи нави коронавирус маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда мешаванд.

Аз ин сабаб, сарвазири кишвар Борис Ҷонсонро мардум ба Гринч, ки Мавлуди Исоро “дуздидааст”, муқоиса карданд.

Мавҷи дуюми коронавирус дар Британия: сарвазир маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Аммо, бинобар маҳдудиятҳои дарпешистода, бритониҳо кӯшиш кард, ки Лондонро тарк кунад, ва ин боиси зиёд шудани издиҳом дар фурудгоҳҳо шуд.

399

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

58
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

58
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия

Нахустин дар соли 2021: машқи чархболҳои Русия дар куҳистони Тоҷикистон

88
(Таҷдидшуда 20:23 15.01.2021)
Халабонҳои чархболҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин бор дар соли равон парвозҳои тамриниро дар куҳҳо анҷом доданд

Дар размоишҳо чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8-и пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҳайати халабонҳо ҳаракатҳои парвозҳои ҷуфтиро тамрин намудаанд.

Ин нахустин машқи халабонҳо дар соли нави 2021 мебошад. Зимни размоишҳо халабонҳо беш аз 10 вазифаи ҷангиро иҷро намуданд.

Яке аз вазифаҳо ошкор кардани ҳадафҳои пинҳонкардашуда дар шароити куҳистон буд.

Соли 2020 халабонҳои пойгоҳи низомии 201-ум мунтазам парвозҳои тамриниро анҷом медоданд.

Аз ҷумла соли гузашта низомиёни Русия дар беш аз 10 парвозҳои тактикӣ машқ карданд. Беш аз 30 машқи ҷанги ҳавоӣ гузаронда, ҳамлаи ҳавоии ҳарифи шартиро гардонданд. Панҷяки тамринҳо дар вақти шабона гузаронда мешуданд.

88
Барчаспҳо:
пойгоҳ, Русия, тамрин, чархбол, Тоҷикистон