Размикори тоҷик дар 11 сония рақибаш аз Ӯзбекистонро “беҳуш” кард видео

516
(Таҷдидшуда 21:46 22.12.2020)
Варзишкорон аз Осиёи Марказӣ дар Маскав рақобат карданд: беҳтарин лаҳзаҳои ин ҳамоиши варзишӣ бо иштироки размикорони тоҷик дар наворҳо зер тамошо кунед

Ахиран дар Маскав 17-умин мусобиқаи ММА “Колизей: рақобати чемпион” –ҳо баргузо шуд.

Ба ин мусобиқа ғайри варзишкорони рус, ҳамчунин варзишкорон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон даъват шуда буданд.

Аз ҳама мусобиқаи зуд ва ҷолиб миёни варзишкори тоҷик Интизор Бухуров ва размикори ӯзбек Наримон Ноҷидов сурат гифт.

Размикори ӯзбекистонӣ зуд ба тарафи рақиби тоҷикаш ҳамла кард, аммо ин иштибоҳи ӯ буд: як зарбаи сахти дурусти Бухоров ба “накаут” равон кард. Ин рақобат ҳамагӣ 15 сония давом кард.

Ҳамчунин размикори дигари тоҷик Эҳромҷон Қурбонов ба рақиби қирғизаш Эрмек Акматов пирӯз шуд. Размикори дигари тоҷик Ҷамшед Ғаниев низ бар рақиби худ аз Қирғизистон пирӯзи шуд.

Размикори рус Сироҷуддин Мамаев бар размикори тоҷик Шер Қурбонбеков пирӯз шудааст.

Рақобати ҷолиб низ миёни размикори тоҷик Фаромуз Санакбаров ва Салом Муҳаммадов аз Русия сурат гирифт.

Дар қиёс ба дигар рақобатҳо ду размикор зуд ба як дигар ҳамла накарданд ва дар аввал якдигарро санҷиданд. Танҳо пас аз ин рақобат ранги ҷолиб гирифт.

Размикори тоҷик, ки қади баланд дошт ду маротиба хуб ҳарифи руси худро бар замин куфт, аммо Муҳаммадови чолок бо усули “буғи кардан” рақиби тоҷикашро шикаст дод.

516
Барчаспҳо:
варзиш, размикор, Маскав, тоҷик, варзишкор

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд видео

72
(Таҷдидшуда 18:51 21.01.2021)
Вазорати дифои Русия ахиран навори маъракаи эмгузаронӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистонро миёни низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия интишор кард

Маъракаи эгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

"Эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ, бо имзои санади розигии низоми ё шахси ғайринизомӣ сурат мегирад", - гуфт Дамир Ижбердеев, сардори беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия.

Пеш аз эмгузаронӣ, табибон вазъи сарбозро ташхис мекунанду ва дар бораи оқибатҳои манфии воксина ба таври комил маълумот пешниҳод мекунанд. Ҳар як низомӣ дар бораи сироят, нишонаҳои он ва таъсири воксина пешакӣ огоҳӣ гирифтаанд.

72
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, пойгоҳи 201-уми Русия, Русия, пойгоҳ, низомиён, вируси корона, Тоҷикистон

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

107
(Таҷдидшуда 19:17 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

107
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Татаристон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

0
(Таҷдидшуда 16:22 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафти воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

0
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон