"Парвози умед": аввалин ваксинаи русии "Sputnik V" ба Аргентина расид: видео

105
(Таҷдидшуда 11:28 26.12.2020)
"Парвози умед" ба Буэнос-Айрес фуруд омад, ки дар он 300 ҳазор воя ваксинаи Русия алайҳи коронавирус оварда шуд

Аввалин ваксинаи дар ҷаҳон истеҳсолшудаи Русия "Sputnik V" бо ҳаҷми калон ба Аргентина бурда шуд.

Ҷумҳурӣ 300 ҳазор воя гирифт, ки ин имкон медиҳад, эмгузаронии оммавӣ дар кишвар то охири соли 2020 оғоз ёбад.

Дар навор дида мешаванд, ки чӣ гуна ҳавопаймои махсус, ки дар болои он бордонҳо бо бори муҳим, ба Буэнос-Айреси офтобӣ ва гарм фуруд омадаанд.

Маълум аст, ки дору ба минтақаҳои кишвар тавассути мошинҳои боркаш бо яхдонҳо оварда мешавад, зеро ваксина хосиятҳои худро дар ҳарорати минуси 18 дараҷа нигоҳ медорад.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес гуфт, ки эмгузаронии аҳолӣ бузургтарин чунин маърака дар таърихи кишвар хоҳад буд ва ба раҳбарияти Русия барои интиқоли нахустин ваксинаи Sputnik V миннатдорӣ баён кард.

Ваксинаи сохти русии алайҳи коронавирус бехатарии дусоларо таъмин мекунад

Ёдовар мешавем, 23 декабр Аргентина истифодаи ваксинаи Русияро ба қайд гирифт ва аввалин кишвари Амрикои Лотинӣ шуд, ки ваксинаи Sputnik V-ро дар қаламрави худ расман сабти ном кард.

Русия гуфт, ки ваксинаашро чандпулӣ мефурӯшад

Васоити ахбори оммаи Аргентина ҳавопайморо бо ваксина "парвози умед" номиданд ва ҳамлу нақли аввалини супурдашуда қисме аз 10 миллион вояи умумии нақша мебошад.

105

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

59
(Таҷдидшуда 17:25 19.01.2021)
Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas бо 300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" фуруд омад

Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas, бо миқдори зиёди ваксинаи зидди вируси корона  фуруд омад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамин гуна миқдор  300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V"  аз Русия ба Аргентина охири моҳи декабр интиқол ёфта буд.

Ваксинаҳоро тавассути мошинҳои боркаш ба минтақаҳои кишвар равон карда шуданд ва баъд аз ба даст овардани ваксина пизишкон фавран ба эмгузаронӣ оғоз карданд.

Гуфта шудааст, ки аввалин эмдашудаҳо кормандони соҳаи тиб буданд.

Ваксинаи бар зидди коронавируси "Спутник V"-и Русияро Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Бунёди сармояҳои мустақими Русия таҳия шудааст.

Мувофиқи натиҷаҳои санҷишҳо ваксинаи "Спутник V" самаранокии 91,4 дарсадиро нишон додааст ва барои ҳолатҳои вазнини коронавирус ҳатто самаранокии 100 дарсадиро низ нишон додааст.

59
Барчаспҳо:
Аргентина, ҳавопаймо, Спутник

ИМА меъёрҳои демократияро хат зад: Володин оид ба маҳдудсозии Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ

116
(Таҷдидшуда 17:41 19.01.2021)
Бастани сафҳаҳои президенти равандаи ИМА Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ аст, мегӯяд раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин

Дар ҷаласаи навбатии Думаи давлатӣ, раиси он Вячеслав Володин як қатор масъалаҳои рӯзномаи дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи ногувори озодии сухан дар Иёлоти Муттаҳида -ро ба миён гузошт.

Володин қарори шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бастани сафҳаҳои президенти раванда Доналд Трампро амали ғайриқонунӣ мешуморад.

Вай қайд кард, ки пештар Иёлоти Муттаҳида стандартҳои демократияро ба тамоми ҷаҳон таълим медод, аммо акнун худи онҳо онҳоро хат задаанд.

"Президенти амалкунанда, ки қариб ҳафтоду панҷ миллион амрикоиҳо ва тарафдоронаш ба ӯ овоз доданд, аз як ҳаққи асосӣ - озодии сухан маҳрум шуданд", - таъкид кард, ӯ.

Вай қайд кард, ки баъзе пойгоҳҳои иттилоотии Амрико монополия мебошанд ва агар онҳо дар кишвари худ чунин рафтор кунанд, пас метавон танҳо тахмин кард, ки онҳо дар дигар кишварҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард.

Доналд Трамп пас аз изҳороташ дар бораи ошӯбҳои 6 январ дар Вашингтон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуд.

“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Сипас, баъди суханронии Трамп тарафдоронаш ба ҳаяҷон омада Капитолиро забт карданд. Панҷ нафар кушта шуданд. Худи президенти равандаи ИМА иттиҳоми таҳрикро рад кард.

 

116
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон