Фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.
Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд.
Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2020 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар соли 2020 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.
Дар маҷмӯъ, собиқ Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ намудааст.
Василиса Ермакова ҳамагӣ ҳафт сол дорад, аммо аллакай бо ҳунари худ дар Русия се рекорд гузоштааст: ҷаҳидан аз трамплин ба сноуборд бо гардиши 540 дараҷа аз миёни хурдсолон, ҷаҳиш бо гардиши 360 дараҷа ба сноуборд ва ҷаҳиш аз баландӣ бо суръати ( 48 км / соат) дар скейтборд.
Дар баробари ин ӯ дар мусобиқот аз рӯи сноуборд ҳафт нишони тиллоӣ ба даст овардааст.
Василиса аз сесолагӣ ба ин навъи варзиш шавқ пайдо кард. Ҳамааш замоне оғоз шуд, ки волидонаш ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи лижаронӣ бурданд.
"Вақте ман либос мепӯшидам ӯ, тахтаро гирифта бо ду пояш болои он баромад ва аз баландӣ худро ҳаво дод. Дар пеш монеа буд, вале ӯ наафтид, рост лағжида рафт. Мо ҳамаи инро ба навор гирифтем", - нақл кард падари духтарак Антон.
Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд
Волидон аввал қарор карданд, ки ба духтарак лижабозиро меомӯзанд, вале пас аз як сол Василиса сноубордро низ аз худ кард. Тренери Василиса падараш мебошад, ки пеш ба ҳамин навъи варзиш машғул будааст.
Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.
Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.
Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028 мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.
Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.
Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.
Соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.
Соли 2016 дар Амстердам Маркази Урупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2010 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
Соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
Соли 2017 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ" бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.
Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев.