Нашри навор аз тирпарронӣ дар Грозний: ду пулис кушта шуданд-видео

Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон тирпарронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа ду маъмури пулис кушта шудаанд. Ҳамлагар нобуд карда шудааст

Нахустин наворҳо аз макони тирпарронӣ дар шаҳри Грозний дар шабакаи интернет нашр гардиданд, ки дастгоҳи наворбардории яке аз мошинҳо сабт кардааст.

Полиция США в Лас-Вегасе после стрельбы - Sputnik Тоҷикистон
Тирпарронӣ дар Иллинойс чанд куштаю чанд маҷрӯҳ бар ҷой гузошт

Бар асоси навор, тирпарронӣ дар мобайни роҳ дар наздикии гузаргоҳи пиёдагардон сурат гирифтааст. Ин лаҳзаҳои нахустини баъди ҳодиса мебошад, чун ҳанӯз атрофиён дарк накардаанд, ки чӣ рух додааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари тирпарронӣ дар маркази пойтахти Чеченистон ду корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд.

Эҳтимолан тирпарронӣ дар хиёбони Путин дар маркази шаҳр рух додааст. Гуфта мешавад, ҳамлагари мусаллаҳ ба маъмурини пулис тир кушодааст ва зимни тирпарронии ҷавобӣ кушта шудааст.

Феълан макони ҳодиса аз сӯи маъмурини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҳота карда шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0