Сар аз 27 - уми декабр дар аксар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маъракаи эмгузаронии сартосарӣ оғоз ёфт. Қаблан Комиссияи Аврупоӣ истифода намудан аз ваксинаи Pfizer/BioNTech - ро иҷозат дод.
Гуфта мешавад, нахуст эмгузарониро аз хонаи пиронсолон оғоз намуданд, зеро одамони синну соли бузургтар ба гурӯҳи хавф шомил мешаванд ва аксар қурбониёни маризии коронавирус низ калонсолон мебошанд.
Сироятёбӣ ё эмгузаронӣ аз COVID-19?: ҳамаи ҳақиқат дар бораи вируси корона
Маъракаи эмгузаронӣ дар ИА замоне шурӯъ шуд, ки маъдудиятҳо ва қарантин пурзӯртар шуд.
Робитаҳои нақлиётӣ дар Бритониё ҳанӯз ҳам баста аст. Мобайнҳои моҳи декабр дар ин манотиқ намуди нави коронавирус муайян карда шуд, ки аз дигар навъҳои коронавирус 70 дарсад хавфноктар аст.
Аз 6 то 7 миллион нафар: эмгузаронӣ аз коронавирус дар Маскав - акс
Навъи нави коронавирус аллакай дар кишварҳои ба мисли Италия, Фаронса, Дания, Нидерландия, Ирландия ва чанд давлати дигар буруз кардааст.
Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд.
Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард.
Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.
Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.
Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.
Владимир Путин раисҷумҳури Русия имсол низ дар иди таъмид иштирок кард. Котиботи президенти Русия мегӯяд, Владимир Путин солҳост, ки ба анъанаҳои мардумӣ эҳтироми хос мегузорад ва дар ин иди барои масеҳиён муҳим иштирок мекунад.
"Владимир Путин субҳи имрӯз дар вилояти Маскав ғусли таъмид кард. Ин анъанаи мардумӣ яке аз идҳои асосии масеҳӣ - Таъмиди Худовандро қайд мекунад", - омадааст дар хабари котиботи раҳбари Русия.
Инчунин аксҳои президент бо ҷомаи гӯсфандӣ ва мӯзаҳои намадин нишон дода шудаанд, ки ба шикофи ях ворид мешавад. меравад. Дар наворҳо омадааст, ки Владимир Путин се маротиба худро дар об ғута зада, сипас аз дохили он берун мешавад.
Крганов гуфт, ки оё мусалмонон метавонанд ғусли таъмид кунанд
Масеҳиёни православӣ дар саросари ҷаҳон 19 январ яке аз идҳои асосии масеҳӣ, Таъмиди Худовандро ҷашн мегиранд.
Одатан, шаби 19 январ оббозии эпифанӣ оғоз меёбад.
Дар Қазоқистон, бинобар пандемияи коронавирус, оббозӣ дар як қатор минтақаҳоро манъ намуданд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.
Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.
Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".
Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.
Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд
Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.
Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.
Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.