Хуҷанди бостонӣ дар иҳотаи барф - видео

134
(Таҷдидшуда 12:31 30.12.2020)
Вилояти шимолии Тоҷикистон дар иҳотаи барф аст: ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз барфрезӣ ҷомаи сафед ба бар кардаанд

Дар манотиқи шимолии Тоҷикистон барф борид. Аз наворе, ки дирӯз нашр шудааст, дида мешавад, ки ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҷомаи сафед ба бар кардаанд.

Дарахтон кулоҳи сап-сафед ба бар карда ва кӯчаҳои шаҳр аз барф пур шудааст.

Сокинони шаҳр пӯшоки гарми зимистонӣ ба бар карда ба сӯи бозор мешитобанд. Чанде аз савдогарон низ ба навор афтодаанд, ки чатрашонро барф беҷо кардааст.

Аз навор ҳамчунин вазиши бодро мушоҳида кардан мумкин аст, ки чатрҳоро ин сӯ ва он сӯ мебарад.

Ҳамчуин дар навор як тарабхонае нишон дода шудааст, ки дар рӯзҳои сармо мардум метавонанд ба ин макон даромада чой ё қаҳваи гарм нӯшанд.

Зимистони зебои Душанбе: зара - зара барф меборад - навор

Аҷибаш ин, ки рӯзҳои пеш дар шимоли Тоҷикистон аз бориши барф пешгӯӣ нашуда буд, яъне барф якбора Суғдро фаро гирифт.

134
Барчаспҳо:
барфрезӣ, барф, Хуҷанд

Клинтон Трампро дар робита бо Путин айбдор кард. Чаро? - навор

53
(Таҷдидшуда 17:37 22.01.2021)
Дар ИМА боз “изи русӣ” меҷӯянд. Ин дафъа дар ҳамла ба Капитолия. Собиқ котиби давлатии ИМА, Хилларӣ Клинтон гуфт, гӯиё Русия дар ҳамла даст дорад

Тибқи ин ривоят, Доналд Трамп дар ин рӯз бо Владимир Путин тамоси телефонӣ дошт. Хилларӣ Клинтон равобити Трампу Путинро санҷиданист. Клинтон гумон дорад, ки Трамп қабл аз ҳамлаи 6 январ ба Капитолия бо Путин суҳбати телефонӣ дошт.

Ҷонибдорони ҷумҳурихоҳ ҷаласаи якҷояи Конгрессро халалдор карданд, ки дар он пирӯзии демократ Ҷо Байдент дар интихобот тасвиб мешуд.

Собиқ котиби давлатии ИМА хостори сабтҳои суҳбатҳои телефонии Трамп дар 6 январ шуд. Ӯ аз гумону нақшаҳояш дар подкасти  You and Me Both гуфт. Хилларӣ Клинтон, ректори донишгоҳи Квинс, собиқ котиби давлатии ИМА: “Мо дар бораи низоми идориямон тайи чор соли охир – аҳди президенте, ки демократияро хуш надорад, зиёд фаҳмидем”.

Бо Клинтон роҳбари Конгресс, Ненсӣ Пелосӣ суҳбат дошт, ки бетартибӣ дар Вашингтонро “туҳфаи Путин” хонд.

Владимир Ҷабборов, ноиби аввали Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, мегӯяд,  Клинтон – хонуми хеле қасосгир аст.

“Трампро, ки замоне барои президентшавияш монеа шуд, намебахшад... Ин чеҳраи рафта аст, бигзор дар бораи чизҳои шахсияш фикр кунад. Вақташ дар сиёсат гузашт”, - изҳор дошт, ӯ. . 

Соли 2016 дар ИМА чунин иттиҳомот садо дода буданд. Аз ҷумла бе далел Русияро ба дахолат дар интихобти президентӣ айбдор карданд.

Вашингтон зиёд мушкилоти дохилияшро бори нерӯҳои набудаи хориҷӣ мекунад.

53
Барчаспҳо:
ИМА, Русия

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд видео

75
(Таҷдидшуда 18:51 21.01.2021)
Вазорати дифои Русия ахиран навори маъракаи эмгузаронӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистонро миёни низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия интишор кард

Маъракаи эгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

"Эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ, бо имзои санади розигии низоми ё шахси ғайринизомӣ сурат мегирад", - гуфт Дамир Ижбердеев, сардори беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия.

Пеш аз эмгузаронӣ, табибон вазъи сарбозро ташхис мекунанду ва дар бораи оқибатҳои манфии воксина ба таври комил маълумот пешниҳод мекунанд. Ҳар як низомӣ дар бораи сироят, нишонаҳои он ва таъсири воксина пешакӣ огоҳӣ гирифтаанд.

75
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, пойгоҳи 201-уми Русия, Русия, пойгоҳ, низомиён, вируси корона, Тоҷикистон
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

163
(Таҷдидшуда 18:03 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Новобаста аз бозтоби муғризонаи онҳо аз сӯи душманони амнияту субот дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд, афзуд вай.

 

163