Инфиҷори мудҳиш дар фурудгоҳи Яман пас аз фуруд омадани вазирони нав - навор

1073
(Таҷдидшуда 18:56 30.12.2020)
Дар интернет навори инфиҷори мудҳиш дар фурудгоҳи Яман роҳ ёфт, ки аснои фуруд омадани вазирони нави ҳукумат сурат гирифт

Таркиши шадид баъд аз зӯҳри 30 декабр пас аз омадани вазирони нави ҳукумат сурат гирифт.

Шоҳидон лаҳзаи инфиҷорро ба навор гирифта, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Дар ин навор нишасти вазирони ҳукумати нави Яман сабт шудааст.

Фоҷиа: ҳалокати 68 нафар дар як маросими туй

Дар навор маълум аст, ки чӣ гуна вазирон аз зинапояҳои ҳавопаймо поён мешаванд ва дар ин асно дар бинои асосии фурудгоҳ якчанд таркиши шадид ба амал меоянд.

Маълум аст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса чанд нафар кушта шуда, чанди дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Алъон шумори дақиқи қурбониён ва маҷрӯҳон мушаххас нашудааст, ва то ҳол танҳо аз кушта шудани панҷ нафар иттилоъ мавҷуд аст.

1073
Барчаспҳо:
фурудгоҳ, инфиҷор, Яман
(0:57 / 7.60Mb / просмотров видео: 3033)

ФСБ гурӯҳи террористонро дар Калуга боздошт кард -видео

181
(Таҷдидшуда 17:24 27.01.2021)
Дар вилояти Калуга, кормандони ФСБ-и Русия аъзоёни гурӯҳи террористиро боздошт карданд, ки мехостанд ҳукумати феълиро сарнагун кунанд

Дар доираи як амалиёти вижа дар вилояти Калуга, як гурӯҳ террористон боздошт шуданд. ФСБ-и Русия навори боздошти онҳоро нашр кард.

Кормандони ФСБ фаъолияти як гурӯҳи террористони байналмилалии "Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ" (дар Русия мамнӯъ)-ро  қатъ карданд.

Хабар дода мешавад, ки ҳадафи террористон сарнагун кардани ҳукумат ва "ҳукмронии хилофати ҷаҳонӣ" будааст. То ҳол аъзоёни ин гурӯҳ террористӣ шумори пайравон худро тавассути паҳн кардани варақаҳо ва ақидаҳои террористӣ миёни мусулмонони маҳаллӣ зиёд мекарданд.

Ҳангоми кофтукоб кормандони ФСБ аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ адабиёти манъшуда, флешкаҳо, дастгоҳҳои алоқа ва симкортҳои зиёде мусодира карданд.

ФСБ-и Русия шаҳрванди кадом кишвар будани боздоштшудаҳоро ифшо накардааст.

Қаблан террористони ин гурӯҳи мамнӯъро дар Қазон, вилояти Самара, Қрим ва дигар минтақаҳои Русия боздошт карда буданд.

181
Барчаспҳо:
Русия, Калуга, террористон, боздошт, ФСБ
(44:01 / 577.71Mb / просмотров видео: 57)

Суханронии Путин дар форуми Давос: анҷоми пахши мустақим

94
(Таҷдидшуда 17:31 27.01.2021)
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи онлайии "Рӯзномаи Давос 2021", ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ташкил кардааст, ширкат мекунад

Президенти Русия Владимир Путин суханронии худро дар форуми Давос оғоз кард.

Чорабинии имсола, ки онро Форуми умумиҷаҳонии Иқтисодӣ "Рӯзномаи Давос 2021" ташкил кардааст, ба мавзӯи "Бозсозии бузург" бахшида шудааст.

Қаблан котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дода буд, ки суханронии президенти Русия дар форуми Давос хеле ҷолиб хоҳад буд.

Эзоҳ, "ҳафтаи Давос" аз 25 то 29 январ ба таври фосилавӣ баргузор мешавад. Дар муҳокима сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, сиёсатмадорон ва олимон, пешвоёни тиҷорати ҷаҳонӣ аз даҳҳо иёлот ширкат мекунанд.

Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад? шарҳи Песков

Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодии швейтсарӣ, ки одатан дар зимистон дар Давос баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи коронавирус ба 18-21 май гузаронида шуд.

Путин бори охир ба ин форум соли 2011 омада буд ва соли 2009 дар ин чорабинӣ ба ҳайси роҳбари ҳукумати Русия ширкат варзид.

94
Посол Республики Таджикистан в РФ Имомуддин Сатторов

Сатторов: дар Тоҷикистон ҳама интизори бозкушоии марзҳо бо Русия ҳастанд

0
(Таҷдидшуда 17:12 28.01.2021)
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов сабаби дидору гуфтугӯ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казаковаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав  мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон ҷанбаҳои муҳими музокиротро шарҳ дод.

"Тартиби воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин суръат бахшидани имзои созишнома дар бахши муҳоҷират, ки ҳоло дар сатҳи баррасии тарафҳо қарор дорад, баррасӣ шуд", - гуфт сафир.

Инчунин сафир қайд кард, ки бо намояндаи ВКД Русия масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо барои манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия табодули афкор сурат гирифт.

"Имконияти таҳияи механизми ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соҳаи сохтмонро баррасӣ кардем", - қайд кард Сатторов.

Дипломат ёдовар шуд, ки тибқи қарори мақомоти Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бо дархости ширкатҳои сохтмонӣ ба кор дар сохтмонҳо ҷалб карда мешаванд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи қонунигардонии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро низ баррасӣ карданд.

Сатторов зикр кард, ки то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доранд, онҳо наметавонанд ба мактаб ва боғчаҳо раванд ва ин як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ аст.

"Агар дар бораи ҳамгироии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, бигӯем, ташрифи кӯдакон ба мактабҳову кӯдакистонҳо имкон медиҳад дар ин сину сол зуд забони русиро аз худ кунанд ва ба ҷомеъа ҳамгиро карда шаванд", - гуфт Сатторов.

Ба ақидаи сафир, агар яке аз волидон дар Русия кор кунаду пули патент супорад, пас фарзандаш ҳатман бояд имкон дошта бошад дар мактаб таҳсил кунаду забон биомӯзад.

Сафир дар робита ба масъалаи барқароршавии парвозҳои мустақим миёни Русия ва Тоҷикистон таъкид кард, ки  вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас беҳтар гардидааст.

"Дар тӯли ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аз ин рӯ ҳоло хатари ворид кардани вирус ба қаламрави Русия хеле кам аст. Ҳама дар Тоҷикистон мунтазири бозкушоии марзҳо ҳастанд, мардум мехоҳанд ба кор биёянд", - илова кард Сатторов.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон таъкид доштааст, ки зимни дидор бо Валентина Казакова аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин робита, омодагии тарафайн ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират иброз гардид.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷират, дидор, мулоқот, Имомуддин Сатторов, Сатторов, Тоҷикистон