Дарвозабони эронӣ ҳайрон монд: Зоиров ба дарвозаи тими миллии Эрон голи зебо зад - видео

501
(Таҷдидшуда 18:36 31.12.2020)
Футболбози тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Ислом Зоиров ба дарвозаи тими миллии Эрон дар майдони барфӣ зеботарин гол зад

Дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он голи зебои  футболбози тоҷик Ислом Зоиров дар бозии дӯстонаи тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон дида мешавад.
Дар ин наворе, ки аз чанд нуқта сабт шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна футболбозони ду тими миллӣ дар шароити бади обу ҳаво футбол бозӣ мекунанд.

Бориши барф дар пойтахт нишонаҳои худро дар майдони футбол низ гузошт ва барои футболбозон бозӣ кардан дар ин шароит чандон осон набуд.

Аммо, сарфи назар аз ҳавои сард бозии аҷибу диданӣ сурат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки  чӣ гуна Зоиров ба дарвозаи тими миллии Эрон як голи зебои ҷавобӣ задааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дуввуми дӯстонаи тимҳои ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби баробар анҷом ёфт.

Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар бозии аввал футболбозони Тоҷикистон бо ҳисоби 2: 1 пирӯз шуда буданд.
 
 

501
Барчаспҳо:
зебо, гол, Футбол, Эрон, Тоҷикистон

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

59
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

59
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия

Нахустин дар соли 2021: машқи чархболҳои Русия дар куҳистони Тоҷикистон

88
(Таҷдидшуда 20:23 15.01.2021)
Халабонҳои чархболҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин бор дар соли равон парвозҳои тамриниро дар куҳҳо анҷом доданд

Дар размоишҳо чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8-и пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҳайати халабонҳо ҳаракатҳои парвозҳои ҷуфтиро тамрин намудаанд.

Ин нахустин машқи халабонҳо дар соли нави 2021 мебошад. Зимни размоишҳо халабонҳо беш аз 10 вазифаи ҷангиро иҷро намуданд.

Яке аз вазифаҳо ошкор кардани ҳадафҳои пинҳонкардашуда дар шароити куҳистон буд.

Соли 2020 халабонҳои пойгоҳи низомии 201-ум мунтазам парвозҳои тамриниро анҷом медоданд.

Аз ҷумла соли гузашта низомиёни Русия дар беш аз 10 парвозҳои тактикӣ машқ карданд. Беш аз 30 машқи ҷанги ҳавоӣ гузаронда, ҳамлаи ҳавоии ҳарифи шартиро гардонданд. Панҷяки тамринҳо дар вақти шабона гузаронда мешуданд.

88
Барчаспҳо:
пойгоҳ, Русия, тамрин, чархбол, Тоҷикистон