Эмомалӣ Раҳмон бо соли нави мелодии 2021 кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро шодбош гуфта, ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу намуд.
Ба гуфтаи кишвардор, соли 2020, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад. Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус боиси фавти беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар сокинони сайёра гардида, ба иқтисодиёти ҷаҳон хисороти бисёр вазнин расонид.
Дар соли сипаришуда бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, бемории сироятии коронавирус, ки боиси коҳиши ҷиддии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардид, дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалинамудаи Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешрафту навсозиҳо идома ёфтанд, афзуд раисиҷумҳур.
Ӯ афзуд, дар муҳити озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти мамлакат далели возеҳи пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тавсеа ёфтани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон ва умуман, дастоварди бузурги низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар охир гуфт, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоям.
Дар шаҳри Челябински Русия ҳамсояҳо аз болои кӯдаки 9-сола шикоят бурдаанд.
Тавре сокинони бинои серошёна қайд кардаанд, писарак шабона ғижжак менавохтааст ва ба оромии онҳо халал расонидаву онҳоро ба хоб рафтан намемондааст.
Ситораи мусиқии Русия ба ҷонибдории писараки мусиқинавоз бархостанд.
Гузориши пурраро аз навори мо тамошо кунед.
Сабқати Коннор Макгрегор ва Дастин Поре шаби 23 ба 24 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор хоҳад шуд.
Мухлисон муҳорибаи ин ду варзишкорро бесаброна интизоранд.
Тибқи баҳогузории букмекерон ғолиби эҳтимолии сабқат Макгрегор дониста мешавад. Эҳтимоли ғолибияти Пореро таҳлилгарон ҳудуди 33 дарсад арзёбӣ кардаанд. Эҳтимолияти мусовӣ муодили 2 дарсад мебошад.
Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Як рӯз пеш аз муҳориба варзишкорон мухлисонро бо ҷанги чашм ба чашм мухлисонро ба ҳаяҷон оварданд. Пас аз ин ҷанг варзишкорон дасти ҳамдигарро фишурданд, ба ҳозирин барои дастгирӣ ташаккур гуфтанду аз муҳорибаи қарибулвуқуъ чанд сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.
Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.
Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.
Нахуст варзишкори амрикои забаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.
Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.
Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.
Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Хабиб Нурмагомедов шикаст додааст.
Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.